KGU

Таърихи факултет

Таърихи факултет

      Факултети забон ва адабиёти  рус ҳанӯз соли 1950 дар давраи вуҷуддории Донишкадаи дусолаи муаллимтайёркунӣ таъсии дода шудааст. Дар аввал дар факултет шӯъбаи Забон ва адабиёти рус ташкил дода шуда буд, ки ҳоло ҳам арзи ҳастӣ дорад. Дар солҳои хониши 1950-1951 дар факултет донишҷӯёни зерин таҳсил кардаанд: Волкова, Верешагина, Гольтер, Подколзина, Прокудина, Тамбовцева, Фетисова, Яворская ва дигарон. Дар соли 1953-юм шӯъбаи забон ва адабиёти русро 12- нафар донишҷӯён  хатм  карданд. Ҳоло дар шӯъбаи рӯзонаи факултет 203-нафар ва дар шӯъбаи ғоибона 242-нафар донишҷӯён таҳсил карда истодаанд.
Дар  баробари кушодашавии шуъбаи забон ва адабиёти рус, ҳамчунин кафедраи забони русӣ дар соли 1952-юм кушода шуда буд. Муаллимони нахустини кафедра инҳо буданд: Михайличенко Л.М., СмирноваЛ., Бондаренко П.А., Молчанов П.С  ва баъдтарба кор инҳо омаданд-Резник Д.К., Пчелников В.Д. Ҳоло бошад, дар назди факултет ду кафедра амал мекунанд: кафедраи забони ҳозираи рус- мудираш номзади илмҳои педагогӣ Шарипова Одинамо Пирназаровна., кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус- мудираш номзади илмҳои филологӣ Асоева Комила Аломидиновна мебошанд.
      Дар соли таҳсили 1953-1954 вобаста ба зиёд шудани талабот ба муаллимони касбию маълумоти олӣ дошта Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб кушода шуд.
Баъди кушодашавии донишкада тибқи роҳхати Вазорати Маорифи СССР омӯзгорони пуртаҷриба аз мактабҳои олии  марказӣ инҳо барои дар Донишкадаи омӯгории Кӯлоб  кор карданд омадаанд: Устименко А.М., Спектор А.Л., Котенко Л.И. ва ғайраҳо.
Дар соли хониши 1954-1955 дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб Пчелников Н.Д. аз фанни адабиёти қадими рус, Резник Д.Т. аз фанни забони ҳозираи рус дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мебурданд.
      Барои тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ омӯзгорони ҷавон ба аспирантураҳои шаҳрҳои Москва, Тошкент ва Киев равона  карда шуданд. Дар соли хониши 1961-1962-юм дар кафедраҳои забони русӣ ва адабиёти рус устодони зерин кор мекарданд: Шокирова М.З., Иванова Л.М., Юрина Э.И., Дворяткина М.Т.Дар соли 1966-ум кафедраи адабиёти рус ва хориҷиро кушоданд. Кафедраи номбаршударо муаллими калон Пчелников Н.Д. роҳбарӣ мекард. Дар соли 1970-ум мудири ин кафедра Папырина Л.В. таъин карда шуд. Баъди як сол вай ба аспирантура дохил шуд ва ба ин вазифа Бжассо А.Ш. таъин гардид. Аз соли 1972 то1975 мудирии кафедраро Профессор Лавров С.Г., ба душ дошт. Ин олими намоён фаъолияти корияшро  дар Донишгоҳи  шаҳри Киев гузаронида буд. Солҳои 70-80-ум мудирии кафедраро дотсентон Звагельский Б, Точиева Х.Ш., Комилов Ш.К. номзади илмӣ филология., дотсентҳо Сон.Л.М., Нозимов А.А., Салихов Н.Н., Рахимова С.Р., Бобоқулов Ҷ.А., Саидов И.А., муаллими калон Бобоқулов Ҷ. А. ба ҷо овардаанд.
      Дар байни ин олимон ду шахсияти намоён аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи худро ёфтаанд: Нозимов А.А.- ҳоло ректори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Михаил Василевич Ломоносов, Солеҳов Н.Н.- ҳоло ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Руссия мебошад.

Сарварони факултет.

Богиров-Хусейн.png

Боғиров  Ҳусейн 10.04.1910 дар шахри Ашқободи Чумхурии Туркманистон таваллуд шудааст.Соли 1936 ба Чумхурии Точикистон омадааст.Вай соли 1945 Донишкадаи давлатии педагогии шахри Сталинободро хатм намудааст. Дар солҳои 1936-1940 вазифаи муаллими фанни таърихи омӯзишгоҳи омӯзгории  нохияи Новро ба ҷо оварда аст.Аз соли 1941 то соли 1943-юм ба ҳайси директори  мактаб дар ноҳияи Фархор кор кардааст. Солҳои 1943-1945 корманди шуъбаи маорифи вилояти Кӯлоб буд. Аз соли 1945 то соли 1948 декани факултети забон ва адабиёт. Аз соли 1959 то соли 1960 декани факултаи таъриху филологияи тоҷик ва боз аз соли 1962 то 1965 декани факултаи забон ва адабиёт рус кор кардааст. Аз соли 1971 то 1974 муовини ректори Донишкадаи омузгории Кӯлоб оид ба таълими ғоибона. Аз соли 1974 то охири умр муаллими калони кафедраи таърихи КПСС. 

Кадруллоев-А.pngҚадруллоев А. Қ. 10.04.1939 дар ноҳияи Қалъаи  Хуми вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст. Соли 1964 Донишкадаи давлатии омӯзгории  Душанберо бо ихтисоси забон ва адабиёти рус хатм намудааст. Аз соли1965 то соли 1969 муаллими калони кафедраи забони ҳозираи  рус ва забоншиносии умуми шуда  кор кардааст. Аз соли 1971 то соли 1973 ҷонишини декан оид ба таълим ва аз соли 1973 то соли 1979 декани факултаи забон ва адабиёти русро ба ҷо овардааст. Солҳои 1979-1981 мудири шӯъбаи тайёри буд. Аз соли 1981 то соли 1982 мудири кафедраи забони руси факултети омӯзгори буд. Аз соли 1982 то соли 2003-юм муаллими калони кафедраи забони ҳозираи рус. Аз соли 2003 то соли 2005 дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия кору фаолият намудааст. Аз соли 2005 то охири умр дар кафедраи забони ҳозираи рус фаъолият кардааст. Аълочии маорифи Тоҷикистон. Борҳо аз курсҳои такмили ихтисоси забони русии донишгоҳу донишкадаҳои Тошкент, Москва ва Ленинград (Санкт-Петербург) гузаштааст.Муалифи чандин мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-методи мебошад: «Сохти топонимияҳои вилояти Кӯлоб; Омӯзиши хусусиятҳои ҳисаҳои нутқи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; Шарҳи муқоисавии зарфҳо дар забонҳои руси ва тоҷикӣ ва ғайраҳо.

Ибодов-М.pngИбодов М. О.  15.10.1948 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд ёфтааст. Соли 1969-ум Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз соли 1969 то соли 1975 муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро ба ҷо оварда аст. Солҳои 1975-1977 аспиранти Донишкадаи фалсафаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ. Аз соли 1980 то соли 1981 коромӯз-муҳақиқӣ Донишкадаи фалсафаи Булғория. Аз соли 1987 то соли 1989 докторанти донишкадаи фалсафаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Солҳои 1989-1993 ба ҳайси мудири кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб кор кардааст. Аз соли 1993 то соли 2005-ум муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба тарбия буд. Аз соли 2005 то соли 2013 дар вазифаи муовини ректор  оид ба таълим фаолият кардааст. Аз соли 2013 профессори кафедраи фалсафа мебошад. соли 1977 Рисолаи номзадӣ ва соли 1991 рисолаи докториро  ҳимоя кардааст. Соли 2000-ум бо ордени «Дӯстӣ», нишонаҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва соли 2011-ум ба гирифтани унвони баланди давлатӣ «Корманди шоистаи Тоҷикистон» мушарраф гардидааст. Муаллифи 6 монография ва беш аз 100 дастуру мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ мебошад. Аз ҷумла «Самтҳо ва прогресс дар эволютсияи табиати зинда»; «Экология ва маданият; «Ҷавобгарии шахс дар назди ҷамъият ва муҳити атроф»; «Такмили ҷараёни таълиму тарбияи фанҳои гуманитарӣ» ва ғайраҳо.

Курбоналиев-Б.png

   Қурбоналиев Б.Қ. 16.06.1939 дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1960-ум факултаи таъриху филология шуъбаи таърихи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз соли 1963 то соли 1966 аспиранти Донишкадаи лоиҳасозии шаҳри Куйбешеви Федератсияи Россия буд. Аз соли 1966 то соли 1970 дотсенти кафедраи иқтисодии Донишкадаи омӯзгории Кӯлоб;   аз соли 1980 то соли 1986 декани факултети забон ва адабиёти рус кор кардааст. Муалифи беш аз 60 асару мақолаҳои илмӣ, илмӣ-методӣ мебошад. Бо медали «Барои меҳнати шоён ба муносибати 100-солагии Владимир Ильич Ленин» ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

   Шкирдова В.И. аз соли 1986 то соли 1987-ум-номзади илмҳои филологӣ, тули 1 сол вазифаи декании факултетро ба ӯҳда дошт ва то охири фаъолияти кориаш дар рушду нумуи кафедраи забони ҳозираи рус ва тайёр кардани мутахасисони ҷавон  ҳиссаи арзандаи худро гузоштааст. Муаллифи чандин мақолаҳои илмию-методӣ мебошад. Мутахассисони дар даврони вай тайёр кардашуда дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ кору фаъолият мекунанд.

Гафуров-Х.pngҒафуров Х.Ғ.  14.12.1939 дар ноҳияи Балҷувон таваллуд ёфтааст. Соли 1960-ум факултети таъриху филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 1990 рисолаи докторӣҳимоя кардааст. Узви вобастаи АИ ҶТ, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди шоистаи Тоҷикистон мебошад.  Аз соли 1987 то соли 1992,  яъне тули 5 сол вазифаи декании факултаи забон ва адабиёти русро ба ӯҳда дошт. Доир ба иқтисодиёти ҷумҳурии Тоҷикистон чандин асару мақолаҳои  илмиаш чоп шудааст: “Иқтисодиёт барои инсон аст, на инсон барои иқтисодиёт., “Сарватманд ҳамон Ҷумҳурист, ки мардуми он сарватманд аст, “Давлати тоҷикон бояд асрҳо пойдор бимонад, “Тоҷикистон дар арафаи асри XXI. Президент Эмомалӣ Раҳмон ва иқтисодиёти миллӣ. Ғафуров Х. Ғ. муддати чандин солҳо вазифаи мушовирии назди Дастгоҳи Президент, директори Донишкадаи илмӣ-тадқикотии иктисодиро ба ҷо овардааст.Таҳти роҳбарии вай 15 нафар рисолаҳои номзадӣ ва 10 нафар рисолаҳои докториро ҳимоя кардаанд.

Нозимов-А.pngНозимов А. А. 24.12.1957дар шахри Кӯлоб таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли1976 ба Донишгохи давлатии ш. Саратов дохил шуда, онро соли1980 хатм намудааст.  Аз соли 1981 фаъолияти кориашро дар Донишкадаи омузгории шахри Кӯлоб оғоз намуд.Соли 1987 ба гирифтани номзади илмҳои филологӣ ноил гардид.Аз соли 1992 то соли 2003-юм вазифаи декани факултаи филологияи руси Донишгохи давлатии Кӯлобро ба уҳда дошт. Соли 2010 ба гирифтани унвони доктори илмҳои филологӣ сазовор гашт. Нозимов  А. А. узви вобастаи АИ педагогӣ ва иҷтимоии Федератсияи Россия, Академики Академияи байналмилалии технологияҳои иҷтимоӣ мебошад. ӯ тули 11 сол вазифаи декании факултаи забон ва адабиёти русро ба ӯҳда дошт ва то охири фаъолияти кориаш дар рушду нумуи факултет ва тайёр кардани мутахассисони ҷавон ва кадрҳои илмӣҳиссаи арзандаи худро гузоштааст. Аз соли 2013 директори Филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе кор мекард. Бо қалами Нозимов А. А.  як зумра монографияҳо, васоити методию таълимӣ, китобҳои дарсӣ, барномаҳои ва мақолаҳои илмию методи ба табъ расонида шуда аст. 

Валиев-Н.У..pngВалиев Н. У. 14. 07. 1956 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд ёфтааст. Соли 1982-юм Донишкадаи давлатии омӯзгории Кулобро хатм намудааст. Соли 1989-ум рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст. Аз соли 2003  то соли 2008-ум  вазифаи декании факултети забон ва адабиёти русро ба ӯҳда дошт ва дар давоми фаъолияти кориаш дар рушду нумуи факулта ва тайёр кардани мутахассисони ҷавон ва кадрҳои илмӣҳиссаи арзандаи худро гузоштааст. Алҳол вазифаи мудири кафедраи адабиёти ҷаҳони ДДОТ ьа номи С.Аёниро ба уҳда дорад.Асарҳои илмии Валиев Нурали Умарович инҳо мебошанд: “Алоқаҳои адабии руссу-тоҷик дар мисоли В. Маяковский ва адабиёти тоҷик”,  “Адабиёти халқҳои шӯравӣ”, “Тарҷумаи асарҳои А. С. Пушкин ба забони тоҷикӣ”, “Тарҷумаи бадеи-мактаби маҳорат”.

Хочиматова-Гэ.pngҲоҷиматова Г. М. 20.11.1961 дар ноҳияи Ҳамадонӣ, собиқ ноҳияи Москва тавваллуд шудааст. Соли 1983 факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм намудааст. Аз соли 1992 то соли 2000-ум муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба илм кор кардааст. Аз соли 2008 то соли 2009-ум дар вазифаи декани факултети филологияи рус кор кардааст. Ҳоло дар вазифаи мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон фаъолият карда истодааст.  Соли 2011-ум рисолаи докториро ҳимоя намудааст.  Тадқиқоти илмии вай ба масъалаҳои методикаи истилоҳоти илмӣ-техникӣ дар мактабҳои олӣ, падидаи билингвизм дар забоншиносӣ ва хусуиятҳои маргиналии он бахшида шудааст. Муаллифи 2 монография, 3 дастури методӣ. 1 фарҳанг, 1 китоби дарсӣ ва беш аз 20 мақолаи илмӣ мебошад. Бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон ” мушарраф гардидааст.

Сайдахмадов-Л.М..pngСайдаҳмадов Л.М. 11.05.1947 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд ёфтааст. Соли 1969-ум факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм кардааст. Аз соли 1969 то соли 1979-ум дар мактаби миёнаи №5 шаҳри Кӯлоб муаллими фанни забон ва адабиёти рус кор кардааст. Аз соли 1979 то соли 1983 ба ҳайси дотсенти кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб фаъолият намудааст. Аз соли 2000 то соли 2008 дар вазифаи ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба иқтисод ва равобити хориҷи фаъолият намудааст. Декани факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар солҳои 2009-2011 кор кардааст. Муаллифи 2 монография ва 26мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва оммавист. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон » ва Ифтихорномаҳои Вазорати маориф  сарфароз гардонида шудааст.

Саидов-И.А..png

Саидов И.А. 09.02.1958 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1980-ум факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлобро хатм намудааст. Аз соли 1980 то соли 1982 ассистенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус шуда кор кардааст. Аспиранти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Москва дар солҳои 1983-1986 буд. Дар мавзӯи «Методикаи гузаронидани семинарҳои махсус оид ба таълими адабиёти рус» лар соли 1988 рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Аз соли 2011 то соли 2013 ба ҳайси декани факултаи филологияи рус Донишгоҳи давлатии Кӯлоб кору фаъолият кардааст. Ҳоло дар рухсатии эҷоди барои иҷро кардани рисолаи доктори дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия мебошад. Муаллифи беш аз 40 дастуру мақолаҳои илмию-методӣ мебошад.

Бобокулов-Ч.pngБобоқулов Ҷ.А. н.и.ф. 9.12.1955 дар ноҳияи Ҳамадонӣ, собиқ ноҳияи Москва таваллуд шудааст. Соли 1979 факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм намудааст. Фаъолияти кориашро ба ҳайси ассистент аз кафедраи методикаи таълими адабиёти рус ва хориҷӣ оғоз намудааст. Солҳои 1991-1996 аспиранти Академияи фанҳои педагогии Россия дар шаҳри Москва буд. Аз соли 2011 то соли 2013-ум ба ҳайси мудири кафедраи адабиёти рус ва хориҷи бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус кор кардааст. Соли 2013-ум вазифаи декании факултетро  ба ӯҳда дошт. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-методӣ.

Асоева-К.png

Асоева Комилахон Аломидиновна 13 феврали  соли 1965 дар  ноҳияи Ҳамадонӣ, вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи зиёӣ  ба дунё омадааст.

Аз соли 2006 ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ба факултаи забон ва адабиёти рус ба кор омада,  то 2009   дар кафедраи забони русӣ, ба ҳайси муаллима  фаъолият намудааст. Аз соли 2010 то соли 2011 дар кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ ба ҳайси мудири кафедра   кор  кардааст. Соли 2013 то соли 2014 дар вазифаи ҷонишини декан оид ба таълим фаъолият намудааст. Аз моҳи феврали соли 2014 вазифаи мудири  кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти русро ба ӯҳда дошт.     

         Соли 2014 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Навъҳои алоќаи тобеъи калимаҳо дар ибора ва ҷумлаҳои соддаи забонҳои русию тоҷикӣ» дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 12 маќолаҳои илмӣ мебошад.

            Бо Ифтихорномаҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва соли 2012 бо унвони Аълочии Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст. Аз соли 2016 то соли 2017 вазифаи декани факултаи филологияи русро дошт. Айни замон мудири кафедраи забони ҳозираи рус.

Шарипова-О.pngШарипова Одинамо Пирназаровна 14.01.1980 дароилаи коргар ба дунё омадааст. Фаъолияти кориашро соли 2004 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ оғоз намудааст. Соли 2008 ба аспирантураи ДДК баноми Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доҳил шуда, онро соли2012 дар мавзӯи: «Тайёр намудани муаллимони оянда барои тарбияи  эстетикии  хонандагон дарраванди таълим ва корҳои берун аз синфӣ» дифоъ намудааст. Зиёда аз 30 маќолаву дастурҳояш дар чандин маҷаллаҳои илмӣ ва конференсияҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ аз  чоп баромадаанд.  Соли 2012 то 2015 мудирикафедраи забони ҳозираи рус, 2015 то 2017 сардори шуъбаи идоракунии назорати сифатитаҳсилоти  донишгоҳ ва аз моҳи сентябри соли 2017 то сентябри соли 2019 ба хайси декани факултаи филологияи рус кору фаъолият дошт. Дорандаи Ҷоизаи Раёсати ҷавонон ва варзиши Хатлон, Аълочии Маорифи Ҷумхурии Тоҷикистон, Ифтихорномаҳо, дипломҳо ва сипосномаҳои раиси ҲХДТ, раиси шаҳри Кӯлоб, Кумитаи кор бо чавонони назди Ҳукумати ҶТ ва ғайраҳо.


КОРМАНДИ ШОИСТАИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

1. Раҳимова С.Р.-н.и.п, дотсенти кафедраи адабиёти хориҷа бо МТЗАР;

ДОРАНДАГОНИ ИФТИХОРНОМАИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИТОҶИКИСТОН

1. Шарипова О.П.-н.и.п  дотсенти кафедраи забони муосири рус;

АЪЛОЧИЁНИ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН

1.Раҳимова С.Р.-н.и.п, дотсенти кафедраи адабиёти хориҷа бо МТЗАР;
2.Файзуллоева Ф.М.-н.и.п, дотсент, мудири кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ;
3.Шарипова О.П.-н.и.п  дотсент, муаллими калони кафедраи забони муосири рус;
4.Асоева Комилахон Аломидиновна-н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забони муосири рус;

ДОРАНДАГОНИ ИФТИХОРНОМАИ ВИЛОЯТ, ШАХР ВА ДОНИШГОХ

1.Раҳимова С.Р.-н.и.п, дотсенти кафедраи адабиёти хориҷа бо МТЗАР;
2.Файзуллоева Ф.М.-н.и.п, дотсент, мудири кафедраи забони русии умумидонишгоҳӣ;
3.Шарипова О.П.-н.и.п  дотсент, муаллими калони кафедраи забони муосири рус;
4.Асоева Комилахон Аломидиновна-н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи забони муосири рус;
5.Бобоқулов Ҷ.А-н.и.ф., мудири кафедраикафедраи адабиёти хориҷа бо МТЗАР;
6.Кармышева Б.Н.-муаллими калони кафедраикафедраи адабиёти хориҷа бо МТЗАР;
7.Ҳалимова М.Р.-муаллими калони кафедраикафедраи адабиёти хориҷа бо МТЗАР;
8.Ғуломова С.Н.- муаллими калони кафедраикафедраи адабиёти хориҷа бо МТЗАР;
9.Сайдамирова К.Ҷ.-муаллими калони кафедраи забони муосири рус;
10.Давлатова Р.Х.-ассистенти кафедраи забони муосири рус;

ИФТИХОРИ МО

Салим Саид -ходими сиёсӣ ва давлатӣ;
Бобоев Давлат –генерал майор, собиқ коргари амнияти бехатарии Президент;
Мирализода Субҳон-сардори ШВКД дар шаҳри Кулоб;
Хидирзода Махфират Умар –ҷонишини раиси вилояти Хатлон;
Камолова М.Р.-сармуҳаррири маҷаллаи «Народная газета»;
Раҳмонова Н. Ш.-ҷонишини директори интитути забон, адабиёт ва мероси хаттиии АИҶТ;
Одилзода Дилбар-директори литсеи Президентӣ дар шаҳри Кулоб;
Кадруллоев А.К-собиқ декани факултаи ф. забон ва адабиёти рус;
Ҳусейнов Фаррух-корманди Вазорати корҳои дохилӣ;
Каримов Баҳодур- устоди варзиши СССР;
Салихов Н.Н.-доктори илмҳои филологӣ, профессор, ретори ДТРС (РТСУ);
Нозимов А.А.-доктори илмҳои филологӣ, профессори МИСИС;
Салимов Р.Д.-доктори илмҳои филологӣ, профессор, декани факултаи филологияи РТСУ;
Валиев Н.У.н.и.п., дотсент, мудири кафедраи адабиёти ҷаҳон ДДОТ ба номи С.Айнӣ;
Ҳалимова А.Р.-собиқ полковники Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раҷабов Ҷ.- корманди агентии гумруки ҶТ;
Назаров Ҷ- директори коллеҷи тиббии Кӯлоб;
Мирзоев Ҳ.-роҳбари интернационалистон
Саидов Қосим- сардори ШКД ноҳияи Нуробод;
Маҳмадов Абдураҳмон –вице президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сайдаҳмадов Л.С-собиқ декани факултет;
Азимов Абдураҳмон-генерал майори амнияти ҶТ;
Раҷабов Маҳмадулло Гурезович-ректори Донишкадаи забонҳо ба номи С.Улуғзода;
Раҳмонов Шокир- собиқ проректори хоҷагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб;
Шабнами Сураё- ситораи эстрадаи тоҷик;
Ҳамидова М,А.-полковники ШВКД дар шаҳри Кӯлоб;
Боқиев Р.-мудири кафедраи таърихи ДДК;
Абдуллоев М,Х.-доктори илмҳои тахрих, профессори кафедраи таърих;
Худойдодова Ш.З-н.и.ф., дотсент, ноиби ректори ДДК оид ба робитаҳои хориҷӣ;
Салимов И.С.- мудири кафедраи забони русии коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ;