KGU

ЭЪЛОН

ЭЪЛОН 12.10.2019

ЭЪЛОН

ЭЪЛОН

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

ХИЗМАТРАСОНИИ КОНСУЛТАТСИОНӢ

КГУ/IC/01/2019

Интихоби мушовир оид ба таҳияи дастури таълимӣ дар мавзӯи “Малакаҳои ба кор таъминшавӣ (трудоустройство)”

Рақами лоиҳа: №08/2-2

 

Аз соли 2016 Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” – ро, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад, татбиқ мекунад. Ҳадафи лоиҳа таҳия кардани механизмҳое мебошад, ки ба беҳтарсозӣ ва назорати сифат ва мутобиқати маълумоти олӣ барои бозори меҳнати Тоҷикистон кӯмак мерасонанд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” лоиҳаи “Баланд бардоштани малакаҳои ба кор таъмикунии духтарони курсҳои болоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” – ро тадбиқ намуда истодааст. Ҳадафи асосии лоиҳа баланд бардоштани малакаҳои ба кор таъмин гардидани духтарони курсҳои болоии донишгоҳ тавассути баргузор намудани силсилаи тренингҳо ва давраҳои омӯзишӣ дар самти ба кор таъминкунӣ дар асоси таҳияи дастури методӣ, ҳамчун ба роҳ мондани истифодаи механизми роҳбарӣ ва такмил додани маркази рушди касбияти донишгоҳ мебошад.

Тибқи нақшаи тадбиқи лоиҳа дастури таълимӣ дар мавзӯи “Малакаҳои ба кор таъминшавӣ (трудоустройство)” барои донишҷӯдухтарони курсҳои болоӣ таҳия карда мешавад. Дар ин хусус, барои қабули мушовир оид ба таҳияи дастури таълимӣ озмун эълон карда мешавад.

                                        Ҳаҷми кор:

-     Дар асоси таҳлили талаботи бозори меҳнат таҳияи дастури махсуси таълимӣ;

-     Дастури методӣ тамоми маълумоти заруриро оид ба баланд бардоштани малакаҳои ба кор таъминшавии иштирокчиёни лоиҳа дар бар мегирад;

-     Ин дастури таълимӣ яке аз воситаҳои асосии баланд бардоштани малакаи ба кор таъминшавии духтарони болаёқат дар донишгоҳ хоҳад буд.

Дар оянда дастури таълимӣ ҳамчун роҳнамо барои донишҷӯёни донишгоҳ пешбинӣ мешавад.

                                         Талабот нисбати мутахассис:

-        Маълумоти олӣ;

-        Фаъолияти корӣ дар самти ба кор таъминшавӣ (трудоустройство);

-        Собиқаи кории на кам аз 2 сол дар самти таълим;

-        Дорои қобилияти кор бо барномаҳои оффисӣ (MS Word, MS Excel);

-        Донистани забони русӣ.

 

Фаъолияти мушовир давоми 1 моҳ сурат мегирад. Хоҳишмандон метавонанд CV (тарҷумаи ҳол) – и худро то санаи 26.10.2019 ба почтаи электронии mrki@kgu.tj ё ба бинои маъмурии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ, ошёнаи 2, утоқи №200 дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод намояд. Барои маълумоти бештар ба рақамҳои (+992 83322) 23677 муроҷиат намоед.                                                              

 


Back to the list