KGU

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА БА ИСТИФОДА СУПОРИДАНИ АГРЕГАТИ АВВАЛИ НБО “РОҒУН”

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА БА  ИСТИФОДА СУПОРИДАНИ АГРЕГАТИ АВВАЛИ НБО “РОҒУН” 14.11.2018

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА БА ИСТИФОДА СУПОРИДАНИ АГРЕГАТИ АВВАЛИ НБО “РОҒУН”

     Рӯзи 14-ноябри соли ҷорӣ дар толори фарҳангии Донишгоҳ конфронси илмӣ – назариявии Донишгоҳ дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол” бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода супоридани агрегати аввали НБО “РОҒУН” гузаронида шуд. Нахуст Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Доктори илмҳои физика ва математика Профессор узви вобастаи академияи имлҳои Ҷуумҳурии Тоҷикистон Абдулло Ҳабибулло баромад намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода супоридани агрегати аввали НБО “Роғун” табрик намуд ва қайд кард, ки ин рӯз дар таърихи давлатдории тоҷикон бо хати зарин сабт хоҳад шуд.

Сипас, дар мавзӯи “Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории тоҷикон” номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи таърих, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ Муродова Гулчеҳра ва дар мавзӯи “Аҳамияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва стратегии НБО “Роғун” дар шароити муосир” номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи иқтисод ва идора Каҷкуллоев Абдухолиқ баромад намуданд.

Дар қисмати охири чорабиниӣ музокирот сурат гирифт.


Back to the list