KGU

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА БА ИСТИФОДА СУПОРИДАНИ АГРЕГАТИ АВВАЛИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР НБО “РОҒУН”

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА БА ИСТИФОДА СУПОРИДАНИ АГРЕГАТИ АВВАЛИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР НБО “РОҒУН” 14.11.2018

КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА БА ИСТИФОДА СУПОРИДАНИ АГРЕГАТИ АВВАЛИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР НБО “РОҒУН”

Дар санаи 14-уми ноябри соли ҷори дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси Раёсати илм ва иноватсияи донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода супоридани агрегати аввали иншооти бузурги аср НБО “Роғун” конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Пешабарандаи конфронс ноиби ректори оид ба илм, инноватсия ва муносибатҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Худойдодова Шарофат буданд.
Сараввал ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Абдулло Ҳабибулло суханрони намуда ҳамаи ҳозир ва миллати тоҷикро бахшида ин рӯзҳои таърихӣ табрик намуда, барои кулли мардуми Тоҷикистон хонаи обод сиҳатии бардавомро таманно намуданд. Замни суханрони қайд намуданд, ки “Имрӯз Неругоҳи барқи обии «Роғун» майдони корзори мардони баномус, баҳиммат ва диловари тоҷик гардидааст. Дар ин рӯзҳо дар ин арсаи матонат ва майдони фатҳу нусрат ҳама ба корҳои созандагию ободкорӣ машғуланд. Агар яке бо зӯри бозу ин ҷо меҳнат кунад, дигаре бо қалам тамоми ифтихори худро аз Ватани ободу озод рӯи варақ оварда, эътимоди худро ба фардои дурахшони Тоҷикистон иброз медорад. Роғун имрӯз илҳоми адибонро ба ҷӯшу хурӯш овардаву онҳо  пайи эҷоди шеъри тоза, асари хуб, қиссаи воқеие аз ҳаёти ин мардони ҷоннисори Ватан машғуланд”.
Сипас дар мавзӯҳои “Нақши Пешвои миллат дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон” маърӯзачӣ Муродова Гулчеҳра, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент, мудири кафедраи таърих, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ ва Каҷкуллоев Абдухолиқ номзади илмҳои иқтисодӣ мудири кафедараи иқтисод ва идора дар мавзӯи “Аҳамияти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва стратегии НБО-и Роғун” маърузаҳои худро пешкаш намуданд. Инчунин устоди донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аламхон Кучарзода иштирок намуда аз маҷмуами назмиашон “Замзамаи Роғун” рубоиёт дар васифи Роғун қироат намуданд. Дар қисмати ҷамъбастии конфронс аз миёни иштирокчиён ва маърузачиҳои баҳсу муҳокимарониҳо сурат гирифт.


Back to the list