KGU

ДОНИШҶӮЁН САВГАНД ЁД КАРДАНД!

ДОНИШҶӮЁН САВГАНД ЁД КАРДАНД! 08.10.2018

ДОНИШҶӮЁН САВГАНД ЁД КАРДАНД!

Рӯзи 8-уми октябри соли ҷорӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ маросими савгандёдкунии донишҷӯёни соли аввал баргузор шуд. Сараввал ректори донишгоҳ, муҳтарам Абдулло Ҳабибулло донишҷӯёнро барои ба номи пуршарафи донишҷӯ насиб гаштанашон табрик гуфта, онҳоро бо роҳбарони сохторҳои донишгоҳ ошно намуд.Сипас, аз тарафи яке аз донишҷӯён савганди донишҷӯӣ қироат карда шуд, ки ҳама донишҷӯён дар якҷоягӣ калимаи "савганд"-ро ба забон оварданд. Баъди қироат кардани савганди донишҷӯӣ ректори донишгоҳ ба як қатор донишҷӯён билетҳои донишҷӯӣ супориданд.


Back to the list