KGU

ЗАНОН ДАР ҶОМЕАИ МО ҚУВВАИ БУЗУРГАНД!

ЗАНОН ДАР ҶОМЕАИ МО ҚУВВАИ БУЗУРГАНД! 04.01.2023

ЗАНОН ДАР ҶОМЕАИ МО ҚУВВАИ БУЗУРГАНД!

Имрӯзҳо мардуми шариф ва саодатманди кишвари азизам, Тоҷикистони соҳибистиқлол, бо дарки масъулият ва ҳисси худшиносӣ зери таассуроти Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таърихи 23.12.2022 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, қарор доранд ва дар фаъолияти ҳар рӯзаи худ онро сармашқи кор қарор додаанд. Зеро Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои имрӯз ва давраҳои оянда муайян намуда, фарогири тамоми масъалаҳои муҳташами ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат аст.

Пешвои миллат, зимни ироаи Паём дар баробари масъалаҳои муҳими давлатдорӣ ба масъалаи занон ва нақши онҳо дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ ба тарзи хосса истодагарӣ намуда, саҳми зан, модарро дар пешбурд ва амалигардонии сиёсати давлатӣ ниҳоят арзишманд ва калидӣ муаррифӣ намуд. Пешвои миллат баён намуданд “Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд ва нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад”.

Таърих гувоҳ аст, ки занон ва бонувони тоҷик дар дарозои таърихи ин миллат бо донишу хирад ва ақлу заковати комил ба дунё оварандаи Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Саъдӣ ва садҳо нафар бузургони дигари илму адаб, фарзандони бонангу номус, номдору фидокор ва номбардори миллат бошанд ва дар ин радиф тавонистаанд, ки мавқеи устувори худро дар тамоми соҳаҳои барои давлату миллати тоҷик ҳаётан муҳим муайян намоянд.

Аз ин ҷост, ки Пешвои муаззами миллат дар робита ба бузургӣ ва азамати зан модар баён медорад, “Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мунису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд”. Ё ин ки нукоти дигар низ дар ҳамбастагӣ ба ҳамин маъно баён гардидааст, ки “Бузургии зан- модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад”.

Аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар масъалаҳои муҳимми давлатдорӣ ба мақому манзалати зан-модар ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа аҳамияти зарурӣ зоҳир намуда, ин масъаларо дар сиёсати пешгирифтаи худ ҳамчун самти афзалиятнок ва масъалаи меҳварӣ қарор диҳад.

Афзудани ин нукот ба маврид аст, агар сари масъалаи мавриди назар амиқ ва ҷиддӣ назар андозему паҳлуҳои масъаларо ба таври бояду шояд омӯзем, маълум мегардад, ки Пешвои муаззами миллат ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи шароити кору зиндагии занонро дар маркази таваҷҷуҳи худ қарор дода, беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии занонро сиёсати меҳварии Ҳукумати мамлакат донистааст. Аз сарчашмаҳо маълум мегардад, ки кишвари азизамон, Тоҷикистон, яке аз аввалин кишварҳои ИДМ аст, ки ба масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа диққати аввалиндараҷа дода, 27-уми декабри соли 1993 Конвенсияи байналмилалӣ “Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбат ба занон”-ро қабул кардааст. Ҳамчунин, тадбирҳо ва иқдомоти амалигардонидаи Ҳукумати кишвар ба монанди қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ чун: Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” (аз 1 марти соли 2005); Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза ба муқобили харидуфурӯши одамон” (аз 6 майи соли 2006); Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”; қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022”; қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақшаи амали “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020” ва ғайраҳо метавонанд ҷиҳати амалӣ намудани нақшаву лоиҳаҳои ҳукумати кишвар дар самти боз ҳам беҳгардонии фаъолити густурдаи занон замина гузоранд.

Афзудани ин нукта муҳим аст, ки дар баробари тадбирҳо ва қабули қонуну қарорҳо ва барномаву стратегияҳои дахлдор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба мавзӯи зан – модар ва нақши он дар пешбурди сиёсати давлатӣ диққати ҷиддӣ зоҳир менамояд ва дар робита ба он ба сохторҳои марбутаи ҳукуматӣ дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Самараи ҳамин гуна дастгириву пуштибониҳост, ки имрӯз қариб дар тамоми соҳаҳои давлатдорӣ бонувони кишвар кору фаъолияти назаррас доранд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд.

Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин кормандони соҳаи маориф 73 фоиз, соҳаи тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд.

Дар ин баробар, фаъолияти густурда ва самарабахши занону бонувони мамлакат дар тамоми самтҳои давлатдорӣ бараъло мушоҳида мешавад ва дар робита ба ин нукта низ дар Паёми Пешвои миллат ишора рафт, “...занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин, дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд”.

Дастовардҳои занону бонувон, аз ҷумла ҷавондухтарон дар самти омӯзишу аз худ кардани илмҳои замони муосир дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд. Ҳамон гуна, ки дар Паём ишора меравад, “Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд.Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида , ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд.

Аз ҷумла дар соли пешин зикр шуда буд, ки 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд”.

Нишондоди мазкур гувоҳи он аст, ки занону бонувони тоҷик бо дарки масъулияти худшиносиву ватанпарастӣ ҳамеша бар он талош менамоянд, ки дар сафи пеши ватанхоҳону ватанпарастон қарор дошта бошанд ва барои гулгулшукуфоии ватани азизи худ саҳмгузор бошанд.

Аз ин ҷост, ки баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон, аз ҷумла дар мақомоти роҳбарикунанда ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дошт, дорад ва хоҳад дошт. Далели ин гуфтаҳо, супориш додани Пешвои миллат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд таҳия намудани «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод кардани он мебошад.

Инчунин аз нигоҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам Зан-Модар мавқеи бениҳоят баландро касб намудааст:”...Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Дар баробари ин медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ӯ ҳаёт мебахшад. Ба ин хотир, мо масъул ҳастем ба ин мавҷуди офарандаи инсоният арҷ гузорем ва заҳмату хизматҳои ӯро қадр намоем”. Чунончӣ бузурге фармудааст:

Модар, ту ҷавону ҷовидон хоҳӣ монд,
Андар дилу ҷони одамон хоҳӣ монд.
Омӯхт забону панд ҳар фард зи ту,
То ҳаст ҳаёт, дар забон хоҳӣ монд.

Ногуфта намонад, зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад, зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Аз ин рӯ, аз оғози таърих то имрӯз мардуми мо ба маърифатнокшавии зан аҳамияти хоса дода кӯшидааст, ки занон дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Афлотун низ фармудааст: “ Зан дар пешрафти умури ҷумҳур, мулкдорӣ ва иҷрои вазифа камтар аз мардон нест”.

Хулоса, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи зан-модар таваҷҷуҳи доимӣ равона намуда, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити бонувону занон талошҳои ҳамешагӣ намуда истодааст. Дар робита ба ин ва ҷавобан ба бовариву ғамхориҳои Роҳбарияти олии кишвар бо итминони комил иброз медорам, ки мо- занону бонувони кишвар чун ҳамешагӣ тарафдори давлати пойдору соҳибихтиёр ҳастем, субот ва ваҳдати сартосарии кишварро хело азизтар медонем ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллиро сармашқи кори худ қарор дода, дар таҳкими пояҳои далатдорӣ саҳмгузор бошем.

ҚУВВАТОВА МУҲАББАТ, номзади илмҳои филологӣ, мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Back to the list