KGU

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОР БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОР БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВ 30.12.2022

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РЕКТОР БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВ

Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.

Аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ (23.12.2022)

Раёсат, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳадафи пешгирифтаи Пешвои миллатро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар дастгирӣ намуда, дар амалӣ намудани онҳо саҳмгузор бошанд.

Дар соли 2022 мо фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳо, консепсияҳо, стратегияҳо, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ, низомномаҳо, нақшаи корӣ, қарорҳои Шӯрои олимони донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, корҳои назаррасу муҳимро анҷом додем.

Муваффақияту дастовардҳои донишгоҳ пайваста дар рӯзномаи «Анвори дониш», сомона ва саҳифаҳои иҷтимоӣ нашр мегарданд, ки ёдовар шудан аз онҳо такрори бемаврид аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз кишвари нуру зиё, амну амон, махзани сулҳу субот, ҷойгоҳи илму маърифат ва умеди имрӯзу фардои тоҷикони ҷаҳон мебошад. Мусаллам аст, ки ҳама пешрафту дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ бо маснади Роҳбари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаи зич дорад. Баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон нахуст бо талошҳои хастанопазири Сарвари давлат рукнҳои давлатдорӣ устувор ва мустаҳкам гардида, сипас баҳри таҳкими ҳувияти миллӣ ва шакл гирифтани андешаи миллӣ, инчунин ҷиҳати бедор намудани ғурури миллӣ, дар зеҳни наврасону ҷавонон дар ҳар маърӯзаю мулоқот гузаштаи пуршебу фарози миллатро ёдрас намуда, аз корномаҳои дурахшони фарзандони вафодору ватандӯсти халқи худ ҳарчи бештар огоҳ намуда, дар зеҳни насли имрӯз худшиносиву худогоҳӣ ва дар замири ҳар як сокини он меҳри обу хоку сарзамин ва самимона дӯст доштани Ватанро ҷой додаанд.

Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузорӣ – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 21-уми декабри соли ҷорӣ пешниҳод гардид, ки самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишвар барои солҳои оянда муайян намуда, оид ба равнақи сиёсати судманди хориҷӣ, таъмини рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илму маориф, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дигар самтҳои фаъолияти давлативу ҷамъиятӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва ба фаъолияти дастаҷамъонаи тамоми қишрҳои ҷомеа даъват ба амал оварда шуд. Ба вижа Сарвари давлат чунин иброз доштанд: «Барои он ки Истиқлолияти Тоҷикистон пойдору устувор гардад ва давлати мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хосси худро ёфта, дар сафи кишварҳои тараққикарда ҷой гирад, бояд мо гузаштаи худро хуб дарк карда, бо нерӯи тоза ва азму иродаи қавӣ ба ҳалли мушкилоти имрӯзу оянда рӯ оварем».

Гуфтаҳои боло собит менамоянд, ки Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳим ва санади стратегии ҳадафманд фарогири як силсила мушкилоту масъалаҳо ва муваффақиятҳо ва музаффариятҳои соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат мебошад, ки мунтиҷи масуълиятпазирӣ ва ифтихороти ҳар шаҳрванди бо нангу ори кишвар мегардад.

Бо камоли самимият, Шуморо ба муносибати фарорасии Соли нави милодии 2023, ки бар асоси Паёми ояндаафрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, барои Тоҷикистони соҳибистиқлол, Ватани азизу маҳбуб боз як соли ободкориву созандагиҳо, саъю талошҳо ҷиҳати некуаҳволии бештари мардум, татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат, таҳкими ғановати маънавии аҳли ҷомеа ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ хоҳад буд, табрику таҳният намуда, бароятон саодати рӯзгор, офияти ҳамешагӣ, умри пурбаракат ва соли пурфайзу саршори дастовардҳо таманно менамоем.

Боиси шукргузорист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ Ватани азизу маҳбуби мо роҳи пуршебу фароз ва басо пурифтихореро тай намуда, сокинони сарбаланду меҳнатқарин, ватандӯсту ободкори кишвар бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбуби миллат ба комёбиҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ ноил гардида, ҷиҳати афзудани нуфузу эътибори Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ корҳои бузурге амалӣ шуда истодаанд.

Пазироии ташаббуси панҷуми ҷониби Тоҷикистон оид ба масоили обу иқлим, ҳифзи пиряхҳои сайёра аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ гӯёи азми росих, иродаи матин, эътимоди қавӣ, завқи волои созандагиву беҳбудбахшӣ, нуфузу эътибори ҷаҳонии Пешвои тоҷикони ҷаҳон ва мояи ифтихору сарафрозии ҷомеаи мадании кишвар арзёбӣ мегардад.

Мутмаинем, ки меҳнати содиқонаву якдилонаи аҳли кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззаму маҳбуби миллат, бо татбиқи нақшаву барномаҳои ҳамасола боиси шукуфоии бештари Ватани азизу маҳбуб, сарафрозии мудоми миллат дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва наслҳои таърих хоҳад гашт.
Соли нави мелодӣ нусратбору фархунда бод!



Back to the list