KGU

ФАКУЛТЕТИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2021

ФАКУЛТЕТИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2021 27.12.2021

ФАКУЛТЕТИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2021

Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ озмун таҳти унвони «Факултети беҳтарини сол» ҷамъбаст гардид.

Ҳадаф аз озмун ҳавасмандгардонии сохторҳои донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани мақоми онҳо, ҳавасманд намудани онҳо дар рушди қобилияти илмию - эҷодӣ, истифодаи техника ва технологияи иттилоотию иртиботии муосир, инчунин арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи худогоҳию худшиносӣ, дар тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби рақобатпазир дар бозори меҳнат ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ба шумор меравад.

«Факултети беҳтарини сол» аз рўи дастовардҳои шоёни илмӣ, таълимӣ, тарбиявию ахлоқӣ, фарҳангӣ, қобилияти эҷодӣ, навоварию ихтироъкорӣ, фаъолияти ҷустуҷӯӣ, техникӣ, меҳанпарастӣ, хештаншиносӣ, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, ҷамъиятӣ, конференсияҳо ва дигар чорабиниҳо дар давоми сол муайян карда мешавад.

Барои ташкил ва гузаронидани Озмун дар донишгоҳ кумитаи тадорукот дар ҳайати раис, котиб ва аъзои он таъсис дода шуд.

Ғолиби озмун “Факултети беҳтарини сол» факултети филологияи тоҷик ва журналистика эълон гардид.

Декани факултет Абдусамадзода Эраҷ Абдусамад аз тарафи ректори донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор Мирализода Абдусалом Мустафо бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуд.


Back to the list