KGU

КОРШИНОС-ТРЕНЕРИ МАҲАЛЛӢ ОИД БА ТАҲИЯИ ДАСТУРИ ТАЪЛИМӢ

КОРШИНОС-ТРЕНЕРИ МАҲАЛЛӢ ОИД БА ТАҲИЯИ ДАСТУРИ ТАЪЛИМӢ 21.11.2021

КОРШИНОС-ТРЕНЕРИ МАҲАЛЛӢ ОИД БА ТАҲИЯИ ДАСТУРИ ТАЪЛИМӢ

КОРШИНОС-ТРЕНЕРИ МАҲАЛЛӢ ОИД БА ТАҲИЯИ ДАСТУРИ ТАЪЛИМӢ

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 11 ноябри соли 2021 лоиҳаи “Форуми мубоҳисавӣ ҳамчун механизми рушди малакаҳои таҳлилӣ”, №G09595, ки аз тарафи Шӯъбаи ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад амалӣ менамояд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар доираи лоиҳаи “Форуми мубоҳисавӣ ҳамчун механизми рушди малакаҳои таҳлилӣ” татбиқ намуда истодааст. Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани нерӯи омӯзгорони ҷавони ДДК бо мақсади рушди малакаҳои таҳлилӣ ва ташаккули тафаккури интиқодӣ тавассути ташкили тренингҳои таълимӣ ва як силсила форумҳои мубоҳисавӣ мебошад.

Тибқи нақшаи татбиқи лоиҳа коршинос-тренери маҳаллӣ оид ба таҳияи дастури таълимӣ ба кор қабул карда мешавад. Дар ин хусус, барои қабули коршинос-тренер озмун эълон карда мешавад.

Коршинос-тренер бояд чунин корҳоро иҷро намояд:

-          Таҳияи тастури таълимӣ оид ба рушди малакаҳои таҳлилӣ барои омӯзгорони факултетҳои иқтисодии ДДК;

-          Ташкил ва гузаронидани тренинги 2-рӯза дар асоси дастури таҳлилии таҳияшуда барои 40 шунаванда;

-          Таҳия ва пешниҳоди 20 мавзӯи иқтисодӣ барои гузаронидани форуми мубоҳисавӣ;

-          Такмили донишу малакаҳои омӯзгорони ҷавон барои таҳияи маводи таҳилилӣ.

 

Талабот нисбати мутахассис:

-        Маълумоти олии иқтисодӣ, дараҷаи илмии номзадӣ ва докторӣ афзалият дорад;

-        Собиқаи корӣ на кам аз 5 сол вобаста ба тахассус;

-        Фаъолияти корӣ дар самти таҳияи барномаҳо ва дастурҳои таҳлимӣ;

-        Малакаи хуби таҳилӣ ва тренерӣ;

-        Собиқаи корӣ дар самти таълим афзалият дорад;

 

Фаъолияти коршинос-тренер дар давоми 90 рӯз сурат мегирад.

 

Хоҳишмандон метавонанд CV (тарҷумаи ҳол) – и худро то санаи 04.12.2021 ба почтаи электронии spairav@gmail.com ё ба бинои маъмурии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ, ошёнаи 2, утоқи №200 дар шакли хаттӣ ва электронӣ пешниҳод намояд. Барои маълумоти бештар ба рақамҳои (+992 ) 939804480, 985804480 муроҷиат намоед.

 


Back to the list