KGU

ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТАНД.

14.10.2020

ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТАНД.

Имрӯзҳо дар сартосари дунё муноқишаву ҷангҳои сиёсӣ сар задаистодааст, ки мақсади онҳо ба ҷуз амалинамоии манфиатҳо ва ғаразҳои гурӯҳҳои иғвоангези ифротӣ дигар чизе нест. Ба ин мисол шуда метавонад, терроризм, ки дар сартосари дунё таъсири худро гузоштааст. Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдатим миллӣ, Пешвои миллат Эмомали Раҳмон қайд намудаанд: «Террорист миллат, давлат ва дин надорад».
Ин гуруҳҳое, ки худро пушти пардаи дини ислом пушонидаву рафторҳои анҷомдодаи онҳо то ҳол ба ягон гушаи ислом ва имондорӣ дуруст намеояд, набояд худро мусалмон номанд. Ҳол он, ки дар дини ислом қатлу куштор, ба дасти худ ба қатл расонидани модар, бе хонаву дар намудани волидайн, аз байн бурдани садҳо ҷавонону пиронсолон гуфта нашудааст.
Ба қавли он шахсиятҳои гумроҳзадаву ба доми фиреби хоҷагони хориҷии худ афтода, онҳо давлати алоҳидаи исломӣ месозанд. Аммо, азият додан, одамрабои намудан, ба қатлу куштор даст задан, бераҳмию ноадолатӣ магар нишонаи имондорӣ аст? Чун ба ақли солим ин ваҳшониятро нигарем ҳеҷ гоҳ бо ин афроди бадхоҳу бадсиришт роҳ намедиҳем, то ба мақсадҳои нопоки худ ноил гарданду ҷамияти моро халалдор созанд. Мақсади онҳо ғайр аз ғаразҳои нопок чизи дигаре нест. Бояд ёдрас шуд, ки онҳо ягона мақсадашон ноором сохтани ҷамъият, фитнаандозӣ ва ба бедолатиҳо роҳ додан аст. Бисёре аз ҷавононе, ки ба ин гуруҳҳо шомил мешаванд саводи кофӣ, ақли солим надошта, бо сад ҳилаву найранг, бо сад ваъдаҳои бардуруғ фирефтаи ин гуруҳҳои тундрав мешаванду ҷони ҷавони хешро аз даст дода, дили садҳо модарону падароне, ки бо орзуҳои зиёд фарзандашонро ба воя расондаанд хун намуд, боиси шармандагии волидайн мегарданд. Ҳол он, ки нияту орзуҳои падару модарон ин нест. Балки орзӯи ягонаи волидайн ин аст, ки дар пирӣ аз ҷониби фарзандон дасстгирӣ  ёбанд.
Афсус, ки баъзе аз ҷавонони ноқисулақли ҷомеа имрӯзҳо ба ҷои оне, ки илмҳои замонавиро аз худ намудаву барои ояндаи худ фикр намоянд, ба беҳудагардию корҳои ношоям даст мезананд ва умри ҷавони хешро барбод медиҳанд. Фарзанди ноуҳдабаро ба монанди дарахти хушк ва ё беҳосил, ба мисли чуби пӯсидаест, ки аз ин на меваи хуб интизор шудан мумкин аст на он асое, ки дар пири ба он такя задан лозим. Фарзанди комилу бошуур, донишманд ба мисли дарахтест, ки натанҳо падару модар аз он манфиат мебаранд, балки манфиати ин гуна шахсон ба ҷомеа ҳам мерасаду аз ин ҳисоб соҳибмартаба мегардад.
Мо бояд садди роҳи ин гуна бадхоҳонро банд намоем ва ба ақли солим, зеҳни гиро, ҳушёрии сиёсӣ пайравӣ аз Пешвои миллат намоем ва барои ояндаи миллату давлат, ободии диёр саҳмгузор бошем.
Чи тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон қайд менамояд: «Ҳеҷ як хоини миллат барои мо мардуми сарбаланди тоҷик давлат обод намекунад. Мо бояд аз як гиребон сар бароварда барои ободию гулгуншукуфии ин диёри биҳиштосо саҳмгузор бошем. Барои ин Ватан то вақте ҷон дар бадан дорем саҳми худро гузорем».
Шукрона аз он бояд кард, ки имрӯз ҷавонони тоҷик барои амну осудагии миллат дар марзҳо хизмат намуда қарзи фарзандии хешро адо намуда истодаанд. Ҷавонони тоҷик набояд зиракии сиёсии хешро аз даст диҳанд ва ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ  шомил шаванд, балки барои ояндаи худ роҳи дурусти зиндагиро интихоб намоянд.
Бори дигар қайд мекунем, ки ин гуна шахсони бадхоҳ ҳеҷ гоҳ дар фикри оромиву осудаги нестанд. Ғайр аз хунрезиву амалҳои бадахлоқона, беадолативу қатлу куштор дигар ягон нияти нек дар сар надоранд.
Аз ҷавонони дар хориҷбудаву ба муҳоҷир сафар карда даъват ба амл меорем, ки бо ин гуна шахсони бадсиришт суҳбат нанамоянд ва дар сомонаҳои интернетӣ шиносоӣ пайдо накунанд чун, ки инҳо бо фиребу найранг ба доми худ кашидаву шуморо мисли як бозичае, ки дар даст доранд истифода набаранд. Ба ҳар восита шуморо ба ҳар гуна ҳолатҳои нохуш рубару месозанд.
Як чизро фаромуш набояд кард, ки дар солҳои 90-ум ин ҳолат дар худи давлати мо буд. Мо фирефтаи ин гуна шахсон шуда, бародарро бо бародар зид намуданд, ки ин ба ҷанги бародаркуш оварда расонид. Магар ин ақли солим аст, баҳри бародарону хоҳарон, падару модарон, фарзандони хешро аз даст додаву аз Ватан гуреза намудем. Ин дар ҳоле буд, ки мардуми мо ба доми фиреб афтодаву ба ин гуруҳҳо шомил шуданду ба ин ҳолати нохуш омада расиданд.
Имрӯз шукрона бояд кард, ки бо амри Яздон ва бо дастгирии ин марди миллатпарвару хештаншинос - Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ин неъмати бебаҳо, ба ин ободию сарҷамъи расидем.
Мо бояд бо ақли солими хеш нигарем, ки дар ин муддати ниҳоят кӯтоҳе, ки истиқлолият ба даст овардем чи қадар комёбиҳо, бурдбориҳо насибамон гаштааст. Ба ин ҳама пешравиҳо, ки дорем чи гуна ношукрӣ кунем ва ба қдри ин немати худододи нарасем? Имрӯзҳо ба ҷаҳони имрӯза нигарем, ки чи ҳодисаҳо рух дода истодааст ва чи гуна нооромиҳо дида мешавад. Бисёр давлатҳое ҳастанд, ки дар орзуи тенҷии мамлакат, оромии диёр худанд, аммо як соат ороми насибашон намегардад. Худ қазоват кунед, ки сулҳу субот ва оромӣ чӣ немати бебаҳоест, аммо соҳиб шудан барои ин нематро ба даст овардан талошҳои зиёде лозим аст. Шукрона бояд намуд, ки имрӯзҳо дар як фазои тинҷу ором зиндагӣ дорему нафаси озод кашида, дар осмони софу беғубори диёр гашту гузор менамоем. Рӯз то рӯз ободии диёрро нигарему шукргузорӣ аз неъмати бебаҳо - Давлати соҳибистиқлолу миллати куҳан ва тамадунофари маданияти баланддошта мекунем. Ақли солими хешро кор фармоем, на ин ки бо ақли хоми дигароне, ки ғайр аз ҳилаву найранг, мардумозорию мардумфиребӣ фикри дигаре дар сар надоранд равона шавем.
Кӯшиш ба харҷ бояд дод, ки дар ҷамъият хизмати неки худро расонем ва мисли гузаштагонамон, ки то имрӯз миллати тоҷик фахр аз он мардони хирад дорад, саҳми худро дар баландбардории нуфузи миллатамон дар арсаи байналмилалӣ гузорем ва пайравони ин марди миллатпарвару меҳанпараст Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бошем.

Абдухолиқ КАҶКУЛОЕВ.
Декани факултети молиявию иқтисодӣ, дотсент, н.и.и. 


Back to the list