KGU

ТЕРРОРИЗМ ДОҒИ РӮЗ

02.10.2020

ТЕРРОРИЗМ ДОҒИ РӮЗ

Терроризми байналхалқӣ дар қарни XXI ба масъалаи аввали мубрами рӯз табдил ёфтааст. Ин падидаи номатлуб кулли мардуми солимақлу башардӯстро ба ташвиш овардааст. Ҳар як амалу рафтори ноҷавонмардонаи онҳо метавонад ҳар лаҳза ҷони бисёре аз бегуноҳонро рабояд, шаҳру деҳотро харобу валангор ва мардуми осоиштаро сарсону фирорӣ намояд. Гурӯҳҳои экстремистию террористӣ барои ба мақсади худ расидан аз ҳама гуна воситаҳо, аллалхусус, аз расонаҳои хабарӣ, интернет ва амсоли инҳо ба пуррагӣ истифода менамоянд. Онҳо хуб мефаҳманд, ки ҷавонони камхираду камсавод ва зудбовар кам нестанд ва онҳо тез ба доми фиребу найранги онҳо меафтанд, ки билохира, тадриҷан қотилу расвои назди мардум мегардад.
Дар охири асри XXI аз ҷониби олимон ҳаммонандии ду мафҳум “террор” ва “терроризм” муайян карда шуд, аммо дар кушодани ин ду мафҳумро ба ду мафҳуми гуногуни алоҳида маънидод намудаанд, яъне:
1.“Террор”-ҳамчун системаи сиёсии тарсонидани аҳолӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҳизб ё ин ки ҳукумат ва баҳри расидан ба мақсадҳои гуногун анҷом дода мешавад.
2.“Терроризм”-бошад, даҳшат, тарсонидан, тарсонидани аҳолӣ бо иҷрои ҳукмҳои қатл, одамкушӣ, ки сарҳади ин мафҳумро васеътар намудааст.
Таҳлилгарони сиёсӣ ба он ақидаанд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирӣ аз ҷиноят ва амалҳои террористиву ифротгароӣ таъсири амиқи Воситаи ахбори омма (минбаъд ВАО) аст. Инкишофи шуури ҷамъиятиро бе иштироки фаъолияти воситаҳои ахбори умум тасаввур кардан номумкин аст. ВАО ба мафкураи мардум таъсири гуногун мерасонад, баъзан мафкураи аудиторияро мағзшӯӣ карда, таъсири бад мерасонад, ки он аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ истифода мешаванд. Аз худ намудан ва таҳлилу таркиби кулли ахбори олам фақат тавассути воситаҳои ахбори умум имконпазир гаштаанд. Масълаҳое, ки вобаста ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳастанд, ки мақсади худро таввасути ВАО баланд бардошта, ба манфиати худ равона менамоянд. Зиёда аз ин, ВАО ба яке аз воситаҳои муҳими воқеанигории раванди сиёсӣ табдил ёфтааст.
Имрӯзҳо гурӯҳҳо, ташкилотҳо ва ашхоси алоҳидаи мансуб ба гурӯҳи террористӣ пайваста мекушанд, ки фикру ақидаи мардумро бо идея ва ғаразҳои нопоки худ дигаргун сохта, ба ҳамин тарз ҳадафу манфиатҳои ботил ва ҷоҳталабонаи худро амалӣ месозанд. Дар ин ҳол нақши ВАО ва таъсири амиқи он ба мафкураи ҷамъиятро наметавон нодида гирифт. Вазифаи аввалиндараҷаи ВАО пешгирӣ намудан аз амалҳои террористӣ мебошад. ВАО набояд чунин амалҳои даҳшатбор ва ғаразноки гурӯҳҳои террористиро нодида гирад ва ба ҳар ташфиқу тарғиботи онҳо вокуниш бояд диҳад. Чуноне ки аксари мардум аз телевизион, радио, рӯзнома ва шабакаи интернетӣ васеъ истифода мебаранд, ташкилотҳои террористӣ низ мақсад гузоштаанд, ки тавассути ВАО нақшаҳои худро амалӣ созанд.
Ҳар он ташвиқу тарғиботи мардумфиребонаю ғаразноке, ки таввасути расонаҳои хабарӣ аз тарафи онҳо ба роҳ монда мешаванд ва боиси ба харобии мафкураи ҷавонони камсаводу суст тарбия гирифта мешаванд, бинобар ин, ВАО ва умуман, рӯзноманигоронро лозим меояд, ки холисона, ватандӯстона, бидуни пешбинии ғараз ва манфиат матолиби таҳлиливу интиқодиро чоп ё ба намоиш гузошта, ҳар як амали онҳоро шаддидан маҳкум намояд.
Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ба воҳима ва таҳлука овардани одамон равона шуда, таввасути он ба мақомоти давлатӣ фишор оварда мешавад. Чунин ҳаракатҳо мақсади ниҳоии ҷинояткоронро чун маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ барои қабули қарори ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати онҳост ва бо мақсади резонидани обрӯ ва манзалати давлатӣ равона карда мешавад.
Хулоса, ВАО таввасути воситаҳои махсуси техникӣ иттилооти гуногунро ба тамоми одамон мерасонад. Хусусияти асосии воситаҳои ахбори умумро ооммавӣ будани он ташкил медиҳад. Яъне, он маҳдуд набуда, барои кулли одамони сайёраашон хизмат мерасонад. Имрӯз, ки ҷомеаи ҷаҳониро хатарҳои гуногун, аз ҷумла, терроризмуэкстермизм таҳдид карда истодааст ва аз ҷумла, терроризму экстермизм таҳдид карда истодааст ва аз таъсири инҳо аҳолии ҷаҳон рӯҳан бемор гаштаанд, ВАО-ро мебояд барои раҳонидани аҳолӣ аз ин ҳолати ногувор саъю кӯшиши ҷиддӣ нмоянд ва чӣ будани ҳақиқат ба кӣ будани террористон бори дигар ба мардум, бахусус, ба падару модарон рӯшан гарданд. ВАО метавонад саҳми арзандаи худро дар бартараф намудани амалҳои террористӣ гузорад.

Абдуҷаббори САФАРАЛӢ.
Омӯзгорӣ кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ.


Back to the list