KGU

ТЕРРОРИЗМРО БОЯД РЕШАКАН КАРД!

17.09.2020

ТЕРРОРИЗМРО БОЯД РЕШАКАН КАРД!

    Имрӯз аҳли ҷамъияти оламро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи ҳодисаҳое мебошанд, ки барои тинҷию амонӣ, амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар пайдо мекунад.
    Ҷавонӣ айёми ширини умри инсон аст, дар ин даврон ҳар нафар дар дил орзуҳои ширин мепаварад, аммо мутаассифона на ҳар яки мо ба қадри ин айёми зебо мерасему онро ба зебогиҳояш паси сар менамоем.
    Калимаи терроризм ё террористро ҳама дарк мекунанд ва солҳост, ки бо амалҳои даҳшатафканӣ ҷомеаи ҷаҳон ба мубориза баромадааст. Синоними истилоҳи эктремизм калимаи арабии ифрот аст, ки маънояш аз ҳад (андоза) гузаштан дар коре; ифрот кардан (намудан) аз ҳадди эътидол гузаштан (гузарондан), дар коре зиёдарав кардан мебошад. Яъне, ҳар шахсе, ки асабӣ ва сарзада аст ва аз рӯи эҳсос доим қарор мебарорад ва бе андеша сухан мекунанду ҳукм кардан ба ҳар коре шуғли ӯст, ифротӣ аст.
    Тероризму экстремизм ин ду мафҳум тай чанд соли охир зеҳну шуури мадумро гирифтор кардааст. Бисёре аз кишваҳои тараққикардаи ҷаҳон аз дасти ин гуна диндорону дасисабозон оромии худро аз даст додаанду ҳатто баъзе давлатҳоро шаҳрҳои ободу зебояшон аз гулистон ба гӯристон мубаддал гаштаанд, ки ин миллати бофарҳангу тамаддунофари тоҷикро ором намегузорад.
    Албатта, пеш аз оне, ки мо миллат ҳастем, инсонем, бинобар ин, масъалаи мазкур моро бетараф гузоштан намемонад.
    Ба ҳамагон маълум аст, ки ин кори гурӯҳҳои ифротгаро дар байни давлатҳои пурқудрат аз солҳои 90-уми садаи гузашта, то имрӯз идома дорад ва ҳадафи онҳо ба даст овардани давлат, пулу мол ва сарват аст, ки ин амали онҳо ҷаҳони муосирро ба як буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ табдил додаст.

Низомуддин КОМИЛОВ.
номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи молия ва қарз.


Back to the list