KGU

Вохӯрии муовини раиси ноҳияи Фархор бо донишҷӯдухтарон

Вохӯрии муовини раиси ноҳияи Фархор бо донишҷӯдухтарон 10.03.2020

Вохӯрии муовини раиси ноҳияи Фархор бо донишҷӯдухтарон

Санаи 07.03.2020. дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ муовини раиси ноҳияи Фархор Аскарзода Наргис ва мудири шуъбаи кор бо занони ноҳия Талбова Дилбар бо донишҷӯдухтароне, ки тибқи квотаи президенти дар Донишгоҳ таҳсил менамоянд вохӯри намуданд.

Зимни сухан ба муовини раиси ноҳияи Фархор Аскарзода Наргис дода шуд. Дар баромади худ қайд намуданд, ки мо бояд шукронаи ободи ва озодии кишвар намуда ҳамчун тарбиятгари наслҳои имрӯз ва фардои кишвар сай намоем то илмҳои замони худро хуб омӯзем.

Дар охир ба донишҷӯдухтарон аз номи раиси ноҳия Раҳмонзода Рустам бино бар муносибати иди модарон туҳфаҳои хотирмон тақдим гардид.

  


Back to the list