KGU

Конференсияи илмӣ-бадеӣ бахшида ба "Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Конференсияи илмӣ-бадеӣ  бахшида ба "Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" 20.02.2020

Конференсияи илмӣ-бадеӣ бахшида ба "Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

 

Санаи 20. 02. .2020 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Конференсияи илмӣ-бадеӣ бахшида ба "Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор гардид. Конференсия мазкур аз ду қисмат иборат буд:

1. Дар қисматӣ тантанавии Конференсия сухани табрикотӣ бахшида ба ин чорабинӣ ба ректори Донишгоҳ доктори илмҳои педагогӣ, профессор муҳтарам Мирализода А. М дода шуд. Зимнан дар баромади худ иброз доштанд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонбозиҳои мардуми сарбаланди миллатамон ба даст омадааст. Пас моро зару аст, ки ба қадри ҳар кафи хоки Ватанамон бирасем. 

  


Инчунин дар мавзӯи “Таърихи ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолияти давлатӣ”сухан ба ассистенти кафедраи таърихи тоҷик Собиров С. дода шуд. Устод Собиров аз пайдоиши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хавфу хатари душман ёдовар шуданд.

2. Дар қисмати фарҳангии чорабини аз ҷониби донишҷӯён ва кӯдакони боғчаи "Ситора"-и назди Донишгоҳ шеъру сурудҳо қироат карда шуд. Инчунин дар рафти чорабини ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ мукофотпулӣ аз тарафи ректори Донишгоҳ тақдим гардид.

Бо ҳамин чорабинии мазкур ба итмом расид.

  



Back to the list