KGU

СЕМИНАРИ НАВБАТӢ

СЕМИНАРИ НАВБАТӢ 16.01.2020

СЕМИНАРИ НАВБАТӢ

Санаи 15.01.2020 дар бинои маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ семинари навбатии назди раёсати илм ва инноватсия дар мавзӯи «Метод ва методологияи татқиқоти илмӣ» баргузор гардид. Мавзӯи мазкурро доктори илмҳои фалсафа, профессор Ибодов М.О. пешбари намуданд. Дар семинари мазкур зиёда аз 54 нафар аспирантон, унвонҷӯён, докторантони PhD ва омӯзгорони ҷавони кафедраҳои Донишгоҳ иштирок доштанд. 

Нақшаи баргузории семинарҳои илмӣ барои унвонҷӯён ва муҳаққиқони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли таҳсили 2019-2020 аз ҷониби муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Рафиев С.А. тасдиқ гардида, аз оғози соли таҳсил то ин ҷониб  5-умин семинари худро пешниҳод карданд ва нақша доранд, ки то фарҷом расидани соли хониш 6- семинари дигар баргузор намоянд. 

Дар охири семинар ба профессор Ибодов М.О. аз ҷониби иштирокчиён саволҳои сершуморе пешниҳод гардид, ки устод ба ҳамаи саволҳо посух гуфтанд. 


Back to the list