KGU

КОНФЕРЕНСИЯИ XXIII ҲХДТ

КОНФЕРЕНСИЯИ XXIII ҲХДТ 09.01.2020

КОНФЕРЕНСИЯИ XXIII ҲХДТ

Санаи 8.01.2020 Конференсияи XXIII ҲХДТ дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки 338 нафар вакил доир гардид. Дар  конференсия мазкур муовини аввали Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон муҳтарам Раҳмонзода Абдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Саравал сухани ифтитоҳи ба муовини аввали Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор дода шуд ва дар баромади худ номзадии Ҳакимзода Шариф Саидовичро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд.

Баъд аз овоздиҳии пинҳонӣ ва хулосаи комиссияи баҳисобгирии овозҳо Ҳакимзода Шариф Саидович бо гирифтани аксарияти овозҳо аз ҷониби вакилони Конференсия ҳамчун номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб №37 пешниҳод гардид.

Баъд аз анҷоми овоздиҳи сухан ба Ҳакимзода Шариф Саидович дода шуд. Аз вакилон барои дастгирии ҳамаҷониба изҳори сипосу миннатдорӣ намуд. Мавсуф дар идома қайд кард, ки мекушад ба он эътимоду боварии вакилони Конференсия сазовор бошад ва барои халқу ватан содиқона ва самимона хизмат намояд, бо ҳамин конференсияи мазкур ба итмом расид.

  


Back to the list