KGU

Мантиқи аксҳо

Мантиқи аксҳо 02.01.2020

Мантиқи аксҳо

Санаи 30.12.2019 Маркази истеъдодҳои ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ озмуни дӯстонаи худро таҳти унвони «Мантиқи аксҳо» байни волонтёрони МРКИ ва Шуъбаи кор бо ҷавонон гузаронид. Мақсади асосии озмун баланд бардоштани маҳорату малакаи донишҷӯён дар самти моликияти зеҳнӣ мебошад. Озмунро Сардори МИҶ Сайфудинов Ф. Сардори МРКИ Қурбонова У. ва Сардори Шуъбаи кор бо ҷавонон Латифов М. доварӣ менамуданд. Дар озмун дастаи МРКИ бо номи "Принтсеса" ва дастаи Шуъбаи кор бо ҷавонон бо номи "Созандагон" иштирок намуда, маҳорати худро нишон доданд. Баъди ҷамбасти озмун дастаи "Принтсеса" бо гирифтани 37,5 хол ғолибият ба даст оварданд. Ғолибон бо туҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд. Дастаи ғолибро барои ин муваффақияташ табрик гуфта, барояш барору комёбиҳои беназирро хоҳонем.



Back to the list