KGU

ВОХӮРИИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ЛОИҲАИ EXTEND ДАР МОСКВА

ВОХӮРИИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ЛОИҲАИ EXTEND ДАР МОСКВА 04.12.2019

ВОХӮРИИ НАВБАТИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ЛОИҲАИ EXTEND ДАР МОСКВА

Дар таърихи 27.11.2019 то 30.11.2019 дар доираи лоиҳаи EXTEND дар Донишгоҳи давлатии техникии Москва ба номи Н.Э.Бауман семинар баргузор гардид. Тибқи нақшаи кории лоиҳаи EXTEND семинар оид ба сатҳи таҳияи курсҳо ва кушодани марказҳои EXTEND буд. Дар семинари марзкур аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 3 нафар аъзоёни гурӯҳи кории лоиҳаи EXTEND Орифов Орзу – мудири шуъбаи муносибатҳои байналмиллалӣ, ҳамоҳангсози лоҳа, Ҳофизов Алишер – сардори маркази таҳсилоти фосилавӣ, аъзои гурӯҳи кории лоиҳа, Қурбонова Умеда – сардори маркази рушди касбият ва инноватсия, аъзои гурӯҳи кории лоиҳа сафарбар гардиданд.

         Дар рӯзи 27.11.2019 аз тарафи намояндагони донишгоҳҳои шарики лоиҳа, донишгоҳҳои Аврупо оид ба рафти таҳияи курсҳо ва кушодашавии марказҳои EXTEND маърӯзаҳо пешниҳод карда шуданд.

         Санаи 28.11.2019 дар донишгоҳи мазкур форуми байналмиллалӣ дар мавзӯи “Цифровые технологии в инженерном образовании» баргузор гардид. Дар охир ба иштирокчиёни форум ва семинар аз тарафи ташкилкунандагони чорабинӣ сертификатҳо тақдим карда шуд.

        


Back to the list