KGU

Маҳфили “Сиёсатшиносони ҷавон” фаъолияти назаррас дорад.

Маҳфили “Сиёсатшиносони ҷавон” фаъолияти назаррас дорад. 28.11.2019

Маҳфили “Сиёсатшиносони ҷавон” фаъолияти назаррас дорад.

Тибқи нақшаи кории кафедраи сиёсатшиноси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ санаи 27.11.2019 дар толори Донишгоҳ маҳфили навбатии “Сиёсатшиносони ҷавон” баргузор гардид , ки дар он 45 нафар донишҷӯ аз 10 факултет иштирок намуданд. Дар маҳфили мазкур аз тарафи донишҷӯён маърӯзаҳо пешниҳод шуданд, ки мавзӯҳои зеринро дар бар мегирифт; маърӯзаи аввал аз тарафи донишҷӯи курси 3-юми факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилали дар мазӯи “Мафҳум ва моҳияти муносибатҳои байналмилали” ва Башолов Мунаваршо донишҷӯи курси 4-уми факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилали дар мавзӯи “Дин ва сиёсат” баромад намуданд, ки дар охир баъд аз шунидани маърӯзаҳо мазкур маҳфил бо саволу ҷавоб ба итмом расид. Маҳфил дар як моҳ ду маротиба баргузор мегардад. Ва роҳбарии маҳфилро ассистенти кафедраи сиёсатшиноси Ҷураев Далер ба уҳда дорад.


Back to the list