KGU

Ҷаласаи васеъи падару модарон дар донишгоҳ

Ҷаласаи васеъи падару модарон дар донишгоҳ 26.10.2019

Ҷаласаи васеъи падару модарон дар донишгоҳ

     Санаи 26.10.2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, тибқи нақша чорабинии раёсати тарбия ҷаласаи васеъи падару модарони донишҷӯёни факултети филология тоҷик ва журналистика, факултети омӯзгорӣ ва фарҳанг баргузор гардид. Дар вохури ноиби ректор оид ба таълим –н.и.к., дотсент Холиқов С., ноиби ректор оид ба илм ва иноватсия- н.и.п., Рафиев С., ноиби ректор иод ба тарбия –н.и.п., Назаров Ҳ., сардори раёсати тарбия –Гулов Р., садорати факултети филологияи тоҷик ва журналистика, факултети омӯзгорӣ иштирок намуданд. Сухани ифтититохиро ноиби ректор оид ба таълим –н.и.к., дотсент Холиқов С., кушода, дар бораи вазъи таълиму тарбия дар соли таҳсили 2018-2019 суханрони намуданд. Дар анҷоми вохури ноиби ректор оид ба таълим Холиқов С., ба донишҷӯёни лаёкатманд, ки дар  Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касби фаъолона иштирок намуда, сазовори чойхои якум, дуюм ва сеюм гардиданд бо Ифтихорнома, мукофотҳои пулӣ ва падару модарон бо  Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

 


Back to the list