KGU

Ҳамоиш дар Кӯлоб: НБО Роғун ба номи Пешвои миллат гузошта шавад !

Ҳамоиш дар Кӯлоб: НБО Роғун ба номи Пешвои миллат гузошта шавад ! 27.09.2019

Ҳамоиш дар Кӯлоб: НБО Роғун ба номи Пешвои миллат гузошта шавад !

      Имрӯз дар шаҳри Кӯлоби Бостонӣ Ҳамоиши ҷавонону варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ таҳти унвони “Ба Пешвои миллат содиқем” бо иштироки беш аз 300 нафар ҷавонони фаъоли шаҳри Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур дар доираи сафари бобарои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, махсусан шаҳри Кӯлоб, ки рӯзҳои 11-12 сентябри соли ҷорӣ дар доираи тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни 28- умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ сурат гирифт дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Иқдоми мазкур аз ҷониби ҷавонони ташаббускор ва сокинони шаҳри Кӯлоби бостонӣ пешниҳод гардида, аз тарафаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.

Сокинони Кӯлобшаҳри бостонӣ дар ҳамоиши мазкур бардошти худро аз сафари Пешвои муаззами миллат ба шаҳри Кӯлоб баён намуда, Эмомалӣ Раҳмонро азизи хонадони Кӯлобшаҳр номиданд ва муҳаббату самимият ва садоқати худро дар ҳамовозӣ ба Пешвои маҳбуби миллат баён намуданд.

Ҳамоишро раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ифтитоҳ бахшида, иброз доштанд, ки мо ҷонибдори ташаббусҳои шоистаи ҷавонони Тоҷикистон ҳастем ва ҳар иқдоме, ки имрӯз ҷавонони тоҷик рӯи даст мегиранд, самараи сиёсати созандаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар кори ҳамоиш ҳамзамон, Рустамова Омина – гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2017 – 2018 дар мавзўи «Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва бунёдгузори давлати миллии тоҷикон”, Зулфиев Гадомад – номзади илмҳои филологӣ, дар мавзўи “Пешвои миллат – бунёдгузори Кохи нури Тоҷикистон”, Орзу Ҳамидиён – раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб дар мавзўи “Мо ҷавонон омилҳои терроризм ва амалҳои бегонапарастиро маҳкум мекунем”, Суярзода Мафтуна – роҳбари маҳфил.

 


Back to the list