KGU

Чорабинии фарҳанги ба муносибати таҷлил аз 28 солагии Истиқлолият дар боғи фарҳангии Сайдали Вализода

Чорабинии фарҳанги ба муносибати таҷлил аз 28 солагии Истиқлолият дар боғи фарҳангии Сайдали Вализода 21.09.2019

Чорабинии фарҳанги ба муносибати таҷлил аз 28 солагии Истиқлолият дар боғи фарҳангии Сайдали Вализода

        Санаи 18.09.2019 бо ташаббуси бевоситаи Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи устод Сайдали Вализода чорабинии фарҳангии тайёрнамудани донишҷӯёни донишгоҳ ба муносибати таҷлили ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумуҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Боғи мазкур санаи 10.09.2019 дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Ногуфта намонад, ки боғи фарҳангии ба номи Сайдалӣ Вализода дар масоҳати беш аз 3-гектар замин бунёд гардида, дар ҳудуди он майдончаи мошинронии кӯдакон, 4 адад атраксионҳои замонавӣ, 2 майдончаи бозӣ барои кӯдакон, 2 фаввора, амфитеатри хурд бо 136 ҷойи нишаст, қаҳвахонаи «Ҷавонон» барои қабули 20 нафар мизоҷон дар як вақт, майдончаи варзишӣ бо дарозии 40 ва паҳноии 20метр сохта шуда, атрофи муҷассамаи модару кӯдак ва гаҳвора бо гулҳои мавсимӣ орову зебо гардонида шудаанд. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани боғи мазкур аз ҷониби Пешвои муаззами миллат, бо мақсади нигоҳубини гулу буттаҳо ва хизматрасониҳои гуногун 16 воҳиди корӣ ҷудо гардид. Дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, адибон ва дигар намояндагони аҳли зиёи шаҳри Кӯлоб суҳбати самимию созанда анҷом доданд.Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо ҷашни бузурги миллӣ-28 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногунро дар шаҳри Кӯлоб муборакбод гуфтанд.Сарвари давлат омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълим, тарбияи донишҷуён дар руҳияи хештаншиносӣ ва аҳли зиёро ба васфи зебоиҳои сарзамин, тарғиби дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳидоят карданд.



Back to the list