KGU

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Меҳри ватан" аз ДДК ба номи А.Рӯдикӣ

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Меҳри ватан" аз ДДК ба номи А.Рӯдикӣ 26.06.2019

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии "Меҳри ватан" аз ДДК ба номи А.Рӯдикӣ

     Санаи 25. 06. 2019 бахишида ба таҷлили ҷашни 22 солгарди Ваҳдати миллӣ дар толори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи "Пешвои ваҳдатофар - раҳнамои ҷавонон сӯи музаффариятҳо" бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор карда шуд.Дар рафти чорабинии мазкур наздики 120 нафар намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, ҷавонони касбу кори гуногун ва гирандагони стипендияҳои Президентӣ иштирок намуданд.Дар фарҷоми чорабинии мазкур ба 50 нафар ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии мақолаҳои "Меҳри Ватан" ва "Ҷавонон такягоҳи боэътимоди Ватан" ва иншои озод дар мавзӯи "Душанбе қалби миллати ман" аз ҷониби муовини раиси Кумита Аҳмадзода Дилнозаи Даврон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

Аз Донишшоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дар озмуни ҷумуҳуриявии мақолаҳои беҳтарин дар мавзӯи “Меҳри ватан” донишҷӯёни зерин ғолиб омада бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд:

1.      Латифов Манучеҳр – донишҷӯи курси 2-юми факултети физика ва математика, ихтисоси информатика.

2.      Исуфов Ғолибшо – донишҷӯи курси 1-уми факултети таърих ва ҳуқуқ.

Ва инчунин муаллимаи калони кафедари илҳои компютерӣ, Шоҳсанами Ризо дар озмуни ҷумҳуриявии мақолаҳои беҳтарин дар мавзӯи “Ҷавонон такягоҳи боэътимоди Ватан", иштирок намуда, ҷойи 3-юмро ишғол намуд ва бо тӯҳфаҳои хотиравии кумита қадрдонӣ гардид.

 


Back to the list