KGU

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАМИНАҲОИ СОҲИБКОРӢ

22.06.2019

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ЗАМИНАҲОИ СОҲИБКОРӢ

Абдулов Дилшод и.в. мудири кафедраи
менеҷмент ва маркетинг

Воқеъан боиси хушнудист, ки дар даҳсолаи охир барои рушди соҳибкорӣ имкониятҳои хеле васеъ ва шароитҳои мусоид фароҳам оварда шуд. Хусусан таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвали давлат, Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи мазкур такон бахшида, ҳамаи мулоқоту вохўриҳо бо соҳибкорони ватанию хориҷӣ баҳри рушди пешравии соҳа мусоидат мекунад. Ҳамасола ба фаъолият шуруъ кардани даҳҳо корхонаҳои хурду бузург дар ҳамаи манотиқи кишвар аз сиёсати мувафақона ва созандаву бонёдкоронаи Президенти кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Натиҷаи ин сиёсати дурбинонаи сарвари давлат ва дастгирии давлату ҳукумат буд, ки дар Минтақаи озоди иқтисодии Суғд якчанд корхонаҳои нав ба фаъолият шуруъ намуда, истеҳсолӣ намудҳои гуногуни ниёзи мардумро ба роҳ монданд ва аксарияти ин корхонаҳо маҳсулоти воридотивазкунандаро ба роҳ монда, бозори дохилӣ ва берунаро бо маҳсулоти ба талаботи стандарт ҷавобгў ва рақобатпазир таъмин менамояд. Ногуфта намонамд, ки ҳар сафари кори Сарвари давлат барои мо соҳибкорон ва мардуми Тоҷикисон ҳодисаи таърихист.

Дар қатори дастгирии рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар дигар Барномаҳо ва стратегияҳо қабул шудаанд, ки амалии шавии онҳо барои рушди иқтисодӣ миллӣ ва минтақави нақши хело назарас дорад.         

Аз ҷумда ҳамасола дар доираи тадбиқи барномаҳо ва вазифаҳои стратегии мамлакат,ки барои баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии ҷомеъа ва рушди иқтисодии кишвар нигаронида шудаанд.Бо мақсади соддагардонии расмиёти маъмури барои содирот, воридот ва транзити молҳо ва таъмини иҷрои Стратегияи рушди инфрасохтори мили сифат ва техникӣ баъд аз ироаи Паёми-2014 таҳия ва қабули якчанд санадҳо қабул карда шудаанд. Бояд гуфт, ки сиёсати дастгирии рушди соҳибкорӣ, афзун намудани истеҳсолӣ ватанӣ ва бо ҳамин роҳ ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ яке аз самтҳои муҳими тараққиёти минбаъдаи иқтисоди миллиамон мебошад. Аз лиҳоз, бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти дохили ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтьазам тадбирҳои амамлӣ   андешида мешавад. Таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат ба масълаҳои рушди соҳибкории хурду миёна ва дастгирии бевосита аз секторҳои хусусӣ, мибаъд низ барои зиёд шудани сафи ширкати ватанӣ, ки обуру ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон тозаистиқлоламонро дар арсаи байналмиллалӣ баланд мебардорад.

Боиси тазакур аст, ки номгўи маҳсулоти саноатӣ ҳамасола рў ба афзоиш дорад ва ин маънои онро дорад, ки содироти даҳҳо номгўй маҳсулоти ашёи хом бо хориҷӣ кишвар коркард ва истеҳсол мегардад.

То имрўз дар кишвари мо дар самтҳои мухталифи иқтисодиёт, аз ҷумла соддагардонии расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, ҳимоя ва дастгирии соҳибкорон ва сармоягузорон, соддагардонии санҷишҳои фаъолияти соҳибкорӣ, ислоҳоти низоми иҷозатномадиҳӣ, ислоҳоти низоми андозбанди, ташкили низоми ҳуқуқию иқтисодии шарики давлат ва бахши хусусӣ ва рушди соҳаҳои дигар ислоҳоти муҳим гузаронида шуд. Иштироки давлат дар ин раванд ба василаи санадҳои меъёри-ҳуқуқии қабулгардида, аз қабили Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарики давлат ва бахши хусусӣ», «Дар бораи стандартонӣ», «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хурокворӣ», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №554 аз 2.-ноябри соли 2011 «Дар бораи тасдиқи Тартиби таъсис ва пешбурди фонди давлатии стандартҳо», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №512 аз 2.10. соли 2012 «Дар бораи Барномаи давлатии сифат барои солҳои 2013-2015», ки мутобиқ ва ҳамоҳанг бо талаботи байналмиллалӣ қабул карда шудаанд, таъмин карда мешавад.


Back to the list