KGU

Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 80-солагии шоир Саидҷон Ҳакимзода

Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 80-солагии шоир Саидҷон Ҳакимзода 15.06.2019

Конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба 80-солагии шоир Саидҷон Ҳакимзода

       Санаи 15.06.2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давалатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, бахшида ба 80 – солагии шоир Саидҷон Ҳакимзода, конфренсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Саидҷон Ҳакимзода ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷик” баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур олиму муҳаққиқон, шоирону нависандагон аз ҳар гушаю канори ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Сарввал сухани ифтитоҳиро ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Абдулло Ҳабибулло оғоз намуда, кулли меҳмонону иштирокчиёни конференсияи мазкурро ба ин боргоҳи илму адаб аз номи аҳли раёсати донишгоҳ шодбошӣ намуданд. Дар ҷаласаи ифтитоҳи маърӯзаҳои зерин мавриди баҳсу мунозираи иштирокчиён қарор гирифтанд:

1.      Устод Турсунзода дар тасвири Саидҷон Ҳакимзода. – Кӯчаров А., д.и.ф., профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

2.      Нигоҳе ба сурудаҳои дилрабои Саидҷон Ҳакимзода. – Зафар Мирзоён, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ.

Ва инчунин дар қисмати ифтитоҳи суханин шодбошии раиси Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии     Тоҷикистон, Низом Қосим шунида шуд. Тибқи барномаи кории конфронс баъди хӯроки нисфирӯзӣ кор дар бахшҳои зерин идома ёфт.

Бахши 1. Назаре ба рӯзгор ва осори Саидҷон Ҳакимзода.

Роҳбари бахш: Кӯчаров А., д.и.ф., профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Бахши 2. Масъалаҳои адабиёти муосир.

Роҳбари бахш: Ҳусейнзода Ф.Д., д.и.ф., профессори Донишгоҳи давлатии Данғара.


 


Back to the list