KGU

Сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон

Сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон 30.05.2019

Сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Қирғизистон

    21-22 майи соли 2019 дар Донишгоҳи миллии аграрии Ҷумҳурии Қирғизистон ба номи К.И. Скрябин бо иштироки 53 нафар намояндагони Вазоратҳои маориф ва илм, 28 муассисаи олии 13 кишвари аъзои лоиҳа мансуб ба 4 минтақа- Аврупо, Осиёи Марказӣ, ФР ва Қафқоз V-умин ҷаласаи минтақавӣ дар доираи барномаи Фонди Аврупо ERASMUS+ “Paving the way to interregional mobility and ensuring relevance, quality and equity of access –PAWER- «Роҳ ба сӯи табодули байниминтақавӣ, таълими дастрас, аҳамиятнокӣ ва баробарҳуқуқӣ” баргузор гардид.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа намояндаи ВМИҶТ, аъзоёни гурӯҳҳои кории лоиҳа аз ДДК ба номи А.Рӯдакӣ, ДДТТ, ДТТ, ДДХ ба номи Б.Ғафуров ширкат варзиданд. 
Дар ифтитоҳи ҷаласа муовини ВМИҶҚ муҳтарам Кожобеков К.Г, Ҳамоҳангсози Маркази миллии барномаҳои Эразмус + дар ҶҚ Гульнора Чокушева, ректори ДМАҚ Нурғозиев. Р.З.. инчунин намояндагони Вазоратҳои маориф ва илми ҳамаи МТОК аъзои лоиҳаи мазкур баромад намуда, татбиқи лоиҳаҳои Эразмус +-ро барои кишварҳои аъзо дар замони ҷаҳонишавӣ бориз арзёбӣ намуданд. 
Пас анҷоми ҷаласа ва даври омӯзишӣ ба иштирокчиён сертификатҳо тақдим карда шуданд, ки ба онҳо имкон медиҳад то оид ба ин лоиҳа миёни омӯзгорону донишҷӯён семинару вохӯриҳо ташкил намоянд.
Дар доираи ин сафар ҳамчунин Созишномаҳои ҳамкорӣ миёни ДДК ба номи А.Рӯдакӣ бо Донишгоҳи миллии аграрии ба номи К.И. Скрябин ва Донишгоҳи давлатии Оши ҶҚ ба имзо расонида шуданд.


Back to the list