KGU

Оғози ҳафтаи илм дар ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Оғози ҳафтаи илм дар ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 30.04.2019

Оғози ҳафтаи илм дар ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Аз таърихи 22.04.2019 то 27.04.2019 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯбадуллоҳи Рӯдакӣ ҳафтаи илм гузаронида шуд. Бо назардошти ҳафтаи илм раёстаи донишгоҳ дар ин муддат конференсияи илмӣ –назарявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба ҷамбасти корҳои илмӣ – тадқиқотӣ дар соли 2018 бахшида ба солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот , сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар муддати ду рӯз гузаронида шуд. Кушодашавии конфренсияи мазкур санаи 26.04.2019 дар толори фарҳангии донишгоҳ бо иштироки васеъи омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ сурат гирифт. Саравал сухани ифтитоҳиро ректори донишгоҳ доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Узви вобастаи АИ ҶТ, мӯҳтарам Абдулло Ҳабибулло оғоз намуда, кули кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати таҷлили ҳафтаи илм самимона шодбош намуданд. Ва қайд намуданд, ки новобастаи аз таҷлили ҳафтаи илм, ки чанд рӯзеро дар бар мегирдад, мо бояд ҳар соле, ки сипари мекунем рӯзи илм, моҳи илм ва соли илм донем барои худ. Дар бобати илм омӯхтану содиқона баҳри ободии ватан хизмат карданд чандин суханони арзишмандеро манзури омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён сохтанд, ки аз он суханон албата, ки кулли аҳли нишасти толор ғизои маънавие гирифтанд. Бади сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, тибқи барномаи тасдиқнамудаи Раёсати илм ва иноватсияи донишгоҳ мавзуъҳои зерин дар ифтитоҳи конференсия шунида шуданд:

1.      Саноаткунонии босуръати иқтисодиёт - омили муҳимми расидан ба рушди устувори иқтисодӣ. Каҷкуллоев А., н.и.и., декани факултети молиявию иқтисодӣ.

2.      Самтҳои афзалиятнокии соҳаи сайёҳӣ дар қисмати ҷанубу ғарбии Тоҷикистон. Мирзоев А., саромӯзгори кафедраи география ва сайёҳӣ;

3.      Терроризм ва экстремизм ҳамчун таҳдид ва хатари умумиҷаҳонӣ. Бадалов И., докторанти Ph.D –и кафедраи таърихи халқи тоҷик;

4.      Ифлосшавии манбаъҳои обӣ ва табиат мушкилоти глобалии замони муосир. Мазарипова М., донишҷӯи курси 3-юми факултети химия-биология ва география ;

Дар охири баромадҳо вобаста ба мавзӯъҳои матраъшуда музокиротҳо миёни маърӯзачиёну аҳли толор ба амал омад. Ва баъдан аз соати 14:00 кори конференсия дар бахшҳо оғоз гардид.


Back to the list