KGU

"Ифтихорномаи фахрӣ"-и ВКД ҶТ ба фаъолони ДДК

"Ифтихорномаи фахрӣ"-и ВКД ҶТ ба фаъолони ДДК 29.04.2019

"Ифтихорномаи фахрӣ"-и ВКД ҶТ ба фаъолони ДДК

    Санаи 27.04.2019 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохўри омӯзгорону кормандон ва донишҷуёни фаъоли Донишгоҳу колеҷҳои ҳудуди шаҳр бо иштироки Сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники миллитсия - Фатоҳзода Абдусаттор, Роҳбари маркази матбуотии ВКД   Ҷумҳурии Тоҷикистон - Умраҷони Эмомалӣ   ва намояндагон аз ШВКД шаҳри Кўлоб баргузор гардид.         Сухани ифтитоҳиро сараввал ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Узви вобастаи АИ ҶТ мӯҳтарам, Абдулло Ҳабубибулло оғоз намуда, кулли меҳмоне, ки ба ин даргоҳи илму маърифат қадам ранҷа намуда омаданд, аз номи раёсати донишгоҳ хушомадед гуфтанд. Ва дар бобати тарбияи насли наврас ва пешгирии ҷинояту ҷинояткори миёни ноболиғон суханони хирадмандонаеро манзури меҳмонон ва донишҷӯён намуданд. Ва баъдан маърӯзаи навбатиро муовини ректор иод ба робитаҳои хориҷӣ, н.и.ф. , дотсент, Худойдодова Шарофат идома дода, чунин ибрози андеша намуданд, ки ҷавононро бояд дар рӯҳияи баланди ватандӯстию меҳанпарасти бояд тарбият намуд, зеро ояндаи давлату миллат ва аниқтараш дарахти навниҳоли ин миллати кӯҳанбунёди мо маҳз ҷавонон ба ҳисоб мераванд. Моро мебояд, ки ин дарахтро аз рӯзи алвали шинониданаш хуб нигоҳу бин намоем, зеро сояи ояда болои сари ҳар яки мову шумо маҳз ҳамон дарахти шинонидаамон мебошад. Суханони пурмуҳтавои муаллимаи азиз, ба кулли нишастагони аҳли толор писанд омад, ва ҳамагон тарафдорӣ аз суханони боҳикматонаи ин муаллимаи азизро намуданд. Дар вохӯрии номбурда аз КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб муовини сардори КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Фирӯзи Саидмуъмин иштирок доштанд. Фирӯзи Саъидмуъмин аз суханони муаллимаи азиз тарафдори намуда, баҳри баланд бардоштани савияи дониши ҷавонони имрӯза суханони хирадмандонаеро гуфтанд. Ва дар охири вохӯрии мазкур ба як қатор омӯзгорони пешқадам ва кормандони фаъоли донишоҳ барои баланд бардоштани маърифати мардум, ҳамзамон тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ , “Ифтихономаи фахрӣ” – и ВКД ҶТ генерал-полковники милитсия, Р.Раҳимзода тақдим карда шуд. Аз ҷумла ба ректори донишгоҳ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Узви вобастаи АИ ҶТ мӯҳтарам, Абдулло Ҳабубибулло, ноиби ректори оид ба робитаҳои хориҷӣ, , н.и.ф. , дотсент, Худойдодова Шарофат, ноиби ректор оид ба тарбия, н.и.п., Назаров Ҳотамшо, ёвари ректор, Муҳаммадҷони Абдулвоҳид.


Back to the list