KGU

12 АПРЕЛ – РӮЗИ НАХУСТИН ПАРВОЗИ ИНСОН БА КАЙҲОН. То ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар Тоҷикистон расадхонаи астрономии баландтарин дар ҷаҳон мавриди истифода қарор мегирад!

12 АПРЕЛ – РӮЗИ НАХУСТИН ПАРВОЗИ ИНСОН БА КАЙҲОН. То ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар Тоҷикистон расадхонаи астрономии баландтарин дар ҷаҳон мавриди истифода қарор мегирад! 12.04.2019

12 АПРЕЛ – РӮЗИ НАХУСТИН ПАРВОЗИ ИНСОН БА КАЙҲОН. То ҷашни 30-солагии Истиқлолият дар Тоҷикистон расадхонаи астрономии баландтарин дар ҷаҳон мавриди истифода қарор мегирад!

       ДУШАНБЕ, 12.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  расадхонаи воқеъ дар мавзеи Шорбулоқи ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дубора барқарор ва мавриди истифода қарор мегирад. Ин расадхона дар қатори расадхонаи Мауна Кеа, ки дар ҷазираи Ҳавайи ИМА ҷойгир аст,  яке аз расадхонаҳои астрономии  баландтарини  ҷаҳон хоҳад буд. Дар ин бора имрӯз, 12 апрел – дар Рӯзи  нахустин парвози инсон ба кайҳон директори Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои физика ва математика Гулчеҳра ҚОҲИРОВА   ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ  мужда расонд.Тавре хабарнигори АМИТ “Ховар” менависад,  бо Қарори Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2018 расадхонаи Шорбулоқ Расадхонаи баландкӯҳи байналмилалии «30-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» номгузорӣ шудаст.Корҳои омодагӣ дар ин самт аллакай оғоз гардидаанд. Бо дастури Раёсати Академияи илмҳо бо мақсади азназаргузаронии расадхона ва муоинаи телескопҳо моҳи июли соли 2018 экспедитсияи байналмилалӣ ва моҳи сентябри соли 2018 сафари гурӯҳи кории муштарак ташкил карда шуд. Дар экспедитсияи байналмилалӣ олимони давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, Россия, Украина, Словакия, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо иштирок намуда, хулосаи муштаракро оид ба барқарор кардани ин расадхона ба Раёсати АИ ҶТ пешниҳод  намуданд.«Ҳарчанд ки ин расадхона нисбат ба расадхонаи «Санглох» ҳаҷман хурд бошад ҳам, вале обу ҳавои он яке аз беҳтаринҳо буда, барои мушоҳидаҳои астрометрӣ ва астрофизикии объектҳои кайҳонӣ дар фосилаи васеи нурҳо – аз ултрабунафш то инфрасурх имкон медиҳад»,-зикр кард  Г. Қоҳирова.Ба андешаи Гулчеҳра Қоҳирова, ҷойгиршавии расадхона ҳам хеле мувофиқ аст (арзи географӣ φ=+38°, тӯли географӣ λ=74°), яъне дар ин расадхона имконияти мушоҳидаи ҳамаи объектҳои нимкураи шимолӣ ва объектҳои то майли δ=-30° — и нимкураи ҷанубии осмон мавҷуд аст. Шумораи соатҳои шабҳои кушод – 1820 (250 шаб), зариби шаффофии атмосфера – 0.86, сифати аксбардорӣ (нишондиҳандаи астроиқлим) – 0.54 сонияи кунҷӣ, равшании осмон – 22 қадри ситорагӣ/квадрати сонияи кунҷӣ (дар лифофаи V) ва сифати акси гирифташуда =0.54-ро ташкил медиҳад.Телескопи асосии расадхона РМ-700 дар баландии 4350 м ҷойгир  шудааст, ки аз расадхонаи Мауна Кеаи Амрико  (4200 м) 150 метр  баландтар аст.


Back to the list