KGU

Рафти омодагиҳо ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб

Рафти омодагиҳо ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 09.04.2019

Рафти омодагиҳо ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб

       Санаи 6-уми апрели соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати роҳбари гуруҳи кории шаҳри Кӯлоб-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Раҳмонзода Абдуҷаббор, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, муовинони раиси вилоят-Хидирзода М.У. ва Қурбонзода А., бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр, муовинон, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои минтақавию шаҳрӣ, муассисаи давлатии назорати сектори хусусӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб, раисони маҳаллаҳо ва имомхатибон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.Дар ҷаласа, рафти назорати нақшаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, инчунин омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бунёди иншоотҳои дар соли 2019 банақшагирифта, таъмири роҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва назорати истифодаи он, ба тартиб даровардани гирду атрофи иншоотҳо, хонаҳои баландошиёна ва наздиҳавлигӣ, гулу ниҳолшинонӣ дар кӯчаҳои шаҳр ва деҳот, назди идораву корхонаҳо, чароғонкунии кӯчаву маҳаллаҳои шаҳру деҳот, насби шиору овезаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуд.Дар ин росто, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода А. иброз намуданд, ки имрӯз моро зарур аст, ки баҳри ба ин ҳадафҳо ноил гардидан, ҳамагон дар доираи имконият саҳми арзандаи худро гузорем. Аз ҳаҷҷи такрорӣ ва ё худнамоишдиҳиҳои беасос дида, ба обод намудани як гушаи шаҳри худ бипардозем. Обод намоем, Ватани худро худамон ҳифз, муқаддас ва гиромӣ дорем. Зеро шароити кунун моро водор месозад, ки дар пешрафту тараққиёти ҷомеа дар баробари давлату ҳукумат ҳар як фард дар алоҳидагӣ низ саҳмгузор бошад. Дар баробари ин қайд гардид, ки то ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 адад боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Кӯлоб ба пуррагӣ, бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони шаҳри Кӯлоб туҳфа мегардад, ки ин ҳам як ғамхории беназири роҳбарияти Олии мамлакат ба шаҳрвандон аст. Аз ин рӯ, зарур аст, ҳар як ташкилоту муассиса ва корхона корҳои ободонӣ, таъмиру тармим ва махсусан гулшинониро дар назди бинои худ ва ё роҳраву хонаи худ ба роҳ монда, кӯшиш намояд ба ҳусни шаҳр зебогии комил бахшанд.Махсусан, ба масъулини Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб, корхонаҳои ободониву равшаннамоии шаҳр, муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгрди шаҳр,  инчунин донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои шаҳр, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сардухтурон дастур доданд, ки дар ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.Дар охир, роҳбарони гуруҳҳои корӣ ва раисони ҷамоатҳои деҳот вазифадор гардиданд, ки тибқи нақшаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нафароне, ки дар нақша барои сохтмони иншоотҳо ҷой гирифтаанд, дар якҷоягӣ бо онҳо корбарӣ намуда, кӯшиш намоянд, ки соҳибмулкон иншоотҳои худро сохта ба истифода диҳанд.

 


Back to the list