KGU

Хизмат ба Ватан номуси ҷавонмардист

Хизмат ба Ватан номуси ҷавонмардист 01.04.2019

Хизмат ба Ватан номуси ҷавонмардист

      Имрӯз санаи 1-апрели соли 2019 дар Муҷтамаи 2700-солагии шаҳри Кӯлоб маъракаи  гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир карда шуд.Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Хайрулло Амонулло, полковникӣ мустаъфӣ  кумитаи амнияти мили Ҷумҳурии Тоҷикистон  Лутфи Хомӯш ба навасакрон роҳи сафед ва хизмати шоиста дар  сафҳои қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон таманно намуданд. Қайд гардид, ки шарафи бузург аст, ки сарфармондеҳии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад. Бо ибтикори созанда ва сулҳпарваронаи  Пешвои миллат қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми шароитҳои зарурӣ  муҳайё мебошанд.Ҷавонони кӯлобӣ  дар ҳама давру замон ҳимоятгари Ватан ва марзу буми он буданд ва барои ҳимояи ҳар як каф хоки диёр мардонавор истодагарӣ намуда, хоки аҷдодиро аз ҳамлаи душманон дифоъ намудаанд.Хизмат, мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз  обу тоби бадан ва ҳамчун шахсият шинохташавии мард аз ҳамин  мактаб ибтидо меёбад.Имрӯз ҷавонон ба хотири ҳимояи марзу буми Ватан дар ин ҷо ҷамъ омадаанд, то ки хизмати модар – Ватанро сарбаландона иҷро намоянд.Бо итминони комил метавон гуфт, ки ин ҷавонон ва даҳҳо ҷавонони дигар  вазифаи муқаддаси худро бо сарбаландӣ дар назди халқу Ватан ва миллат ба ҷо оварда, сулҳу оромӣ, амнияти кишвар ва меҳнати бунёдкоронаи мардумро бо дилу ҷон ҳифз менамояд ва садоқати худро ҳамчун муҳофиз ва такягоҳи боэътимоди Ватану ватандорӣ собит месозанд.Дар воқеъ сарбозону афсарони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз собит сохтаанд, ки аз ҷиҳати маънавӣ ва ҷисмонӣ  обутобёфтаву  ба камол расидаанд  ва ба ҳеҷ гуна мушкилот тан намедиҳад.Боварӣ дорем, ки Шумо қарзи  худро ҳамчун ворисони бонангу номуси гузаштагони худ бо сарбаландӣ иҷро намуда, амнияти кишварро бо дилу ҷон ҳифз менамоед ва садоқати худро ҳамчун муҳофиз ва такягоҳи боэътимоди Ватану ватандорӣ  исбот месозед.


Back to the list