KGU

Ифтихорнома ба волидони донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ

 Ифтихорнома ба  волидони донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ 01.04.2019

Ифтихорнома ба волидони донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ

       Дар масъалаи таълиму тарбия дар мактабҳои миёна вадонишгоҳҳои олӣ ба хотири беҳтар шудан ё баланд бардоштани саводу маърифати насли ҷавон корҳои муҳимтарину аввалиндараҷаеро Ҳукумати ҷумҳури ба итмом мерасонад. Ва дар ин барорбар ҳама шарту шароти муфидеро муҳайё мекунад, ки ҷавонон дар фазои орому осоиштаи ин мулки амн озодона таълиму тарбия гиранд. Ин яке аз ғамхориҳои хуби давлату ҳукумат ба ҳисоб меравад. Дар масъалаи таълим ва тарбияи насли ҷавон, ки умеди давлату ҳукумат ба ин шоха равона шудааст, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бетараф набуда, баҳри таълиму тарбияи хуби ҷавонон корҳои назаррасе ба анҷом расонидааст. Дар таърихи 1.04.2019 аз ҷониби ректори донишгоҳ доктори илмҳои физика ва математика, профессор, узви вобастаи АИҶТ муҳтарам Абдулло Ҳабибулло ба як қатор волидайни ҷавонони фаъоли донишгоҳ, донишҷӯёни дорои ахлоқи намунавӣ буда“Сипоснома”-ҳо тақдим гардиданд.

Аз ҷумла:

СИПОСНОМА

1.     Ба Юсуфов Саидвалӣ – волидайни донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи хориҷӣ – Юсуфзода Омина барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи фарзанд ва ахлоқи намунавию иштироки фаъолонаи духтараш дар чорабиниҳои сиёсӣ ва корҳои ҷамъиятии донишгоҳ, тақдим карда мешавад.

2.     Ба Муҳаммадшокири Абдусалом - волидайни донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи хориҷӣ – ШОМАҲМАДОВ ЗОКИР барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи фарзанд ва ахлоқи намунавию иштироки фаъолонаи писараш дар чорабиниҳои сиёсӣ ва корҳои ҷамъиятии донишгоҳ, тақдим карда мешавад.

3.     Ба Хоҷаев Абдусаттор- волидайни донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи хориҷӣ – Хоҷаев Муҳаммадкомил барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи фарзанд ва ахолоқи намунавию иштироки фаъолонаи писараш дар чорабиниҳои сиёсӣ ва корҳои ҷамъиятии донишгоҳ, тақдим карда мешавад.

4.     Ба Ниматов Суҳроб – волидайни донишҷӯи курси 2-юми факултети филологияи хориҷӣ Ҳабибулозода Сайёҳат барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи фарзанд ва ахлоқи намунавию иштироки фаъолонаи духтараш дар чорабиниҳои ҷамъиятии донишгоҳ, тақдим карда мешавад.




Back to the list