KGU

Ташриифи намояндагони Донишгоҳи давлатии Пскови ФР ба Донишгоҳ

Ташриифи намояндагони Донишгоҳи давлатии Пскови ФР ба Донишгоҳ 28.03.2019

Ташриифи намояндагони Донишгоҳи давлатии Пскови ФР ба Донишгоҳ

   Дар доираи Созишномаи ҳамкориҳо дар самти илму маориф санаи 28.09.2019 ҷонишини сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Псков Федосеев Андрей Николаевич ва мутахассиси кор бо шаҳрвандони хориҷии ҳамин донишгоҳ Мирзоев Абдулҳаким бо мақсади ба имзо расонидани Созишнома, табодули донишҷӯён барои 1 семестр ва 1 сол,   қабули магистратон ба ихтисосҳои мавҷудаи Донишгоҳи давлатии Псков ФР ба донишгоҳ ҳузур пазируфтанд.Бо ин мақсад намояндагони Донишгоҳи давлатии Псков бо донишҷӯёни курсҳои 1-4 вохӯрӣ доир намуда, онҳоро бо ихтисосҳои амалкунанда, шароити буду бош ва барномаҳои таълимӣ шинос карданд.Дар рафти вохӯрӣ донишҷӯён оид ба ҷанбаҳои мухталифи раванди таълим дар зинаҳои гуногуни таҳсилот аз меҳмонон пурсиш намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.


Back to the list