KGU

НАҚШАИ ТАДБИРҲО БАРОИ СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ТАСДИҚ ГАРДИД

НАҚШАИ ТАДБИРҲО БАРОИ СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ТАСДИҚ ГАРДИД 13.03.2019

НАҚШАИ ТАДБИРҲО БАРОИ СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ТАСДИҚ ГАРДИД

        ДУШАНБЕ, 12.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 6 марти соли равон Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ( 2019-2021)   тасдиқ гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд, нақшаи чорабиниҳо фарогири тадбирҳои муҳим, аз ҷумла дар самти рушди босуръати соҳаи сайёҳӣ мебошад. «Дар асоси Нақшаи чорабиниҳо андешидани тадбирҳои назаррас ҷиҳати рушди инфрасохтори сайёҳӣ, аз қабили инфрасохтори сарироҳӣ, инфрасохтори сайёҳии таърихию фарҳангӣ, экологӣ, табобатию солимгардонӣ, куҳнавардӣ ва пойгоҳҳои сайёҳӣ бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукии фароҳамовардаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назар аст», — илова намуд манбаъ. Мавриди зикр аст, ки  ҷиҳати  муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат, бахусус таъриху фарҳанг ва тамаддуни куҳани халқи тоҷик, кӯҳҳои сар ба фалак, обҳои шифобахш ва минералӣ, набототу ҳайвоноти нодир, меваҳои шаҳдбор, манзараҳои дилфиреби табаиат ва дигар захираҳои бузурги сайёҳии мамалакат ҳамасола баргузор намудани форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ, таъсиси маркази муаррифӣ, таъсиси сомонаҳои интернетӣ ва маҷмуии хизматрасонии сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ, таҳия ва интишори маводҳои ҷолиби тарғиботӣ, таҳия ва татбиқи нақшаи чорабиниҳои маҳаллии рушди сайёҳӣ ва дигар тадбирҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Дар самти боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ, андешидани чорабиниҳо ҷиҳати ба меъёрҳои байналмилалӣ баробар намудани сатҳи хизматрасонии субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ, инчунин фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан, гумрук, сарҳадоту нақлиёт, такмили ихтисос ва ташкили курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои кормандони субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ тибқи меъёрҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, таъсиси марказҳои сайёри иттилоотии хизматрасонии сайёҳӣ дар даромадгоҳҳои меҳмонхонаву осоишгоҳҳо, фурудгоҳҳо, боғҳои шаҳру ноҳияҳо ва дигар чораҳои муҳим давоми се соли оянда ба нақша гирифта шуданд. Бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ, таҳияи Барномаи рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2019-2021, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, таъсиси марказҳои рушди ҳунарҳои мардумӣ ва фуруши армуғонҳо, баргузор намудани озмунҳои соҳавӣ ва дигар тадбирҳои назаррас амалӣ карда мешавад. Изҳори итминон карда мешавад, ки татбиқи пурра ва босамари Нақшаи чорабиниҳо   ба  муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба рушди маҷмӯии соҳаи сайёҳӣ эълон гардидани  солҳои 2019-2021 ва табдил ёфтани сайёҳӣ ба яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Ватани азизамон такони ҷиддӣ мебахшад.


Back to the list