KGU

Рафти омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб

Рафти омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 06.03.2019

Рафти омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб

    Санаи 5-уми марти соли 2019 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати роҳбари гуруҳи кории шаҳри Кӯлоб-Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, бо иштироки муовини якум, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, муассисаи давлатии назорати сектори хусусӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот ва сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Кӯлоб ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа, рафти назорати нақшаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Кӯлоб оид ба бунёди иншоотҳои дар соли 2019 ба нақшагирифта, таъмири роҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва назорати истифодаи он, ба тартиб даровардани гирду атрофи иншоотҳо, хонаҳои баландошиёна ва наздиҳавлигӣ, гулу ниҳолшинонӣ дар кӯчаҳои шаҳр ва деҳот, назди идораву корхонаҳо, чароғонкунии кӯчаву маҳаллаҳои шаҳру деҳот мавриди баррасӣ қарор гирифт. Масъулин вазифадор гардиданд, ки масъалаҳои мазкурро зери назорат гирифта, мунтазам корбарӣ намоянд. Дар асоси нақши тасдиқнамудаи раиси шаҳр гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, баҳри тозагии шаҳр, гулу ниҳолшинонӣ муаззаф гардида, тибқи он ҳар як гуруҳ масъул гардидааст, то мавзеи ба уҳдадоштаи худро тозаву сарсабзу хуррам гардонад. Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа  муҳтарам Раҳмонзода А. – барои муташаккилона роҳандозӣ намудани корҳо дар ин самт ва то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба ҳусни шаҳр дигаргунии куллӣ ворид намудан, дастур доданд. Инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳот оид ба рафти гулу ниҳолшинонӣ пурсида шуда, баҳри дар назди ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, шафати роҳҳои дохилишаҳрӣ ва шоҳроҳҳо шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, гулу гулбуттаҳо ва ба танзим даровардани тозагии шаҳр супориш доданд. Роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ баҳри дар ин самт масъулият доштанашон дастур гирифтанд. Ҳамчунин масъулини соҳаҳои маориф ва тандурустӣ вазифадор гардиданд, ки бо ҳайати кормандони зертобеи худ, атрофи биноҳои мактабу кӯдакистонҳо ва беморхонаҳову бунгоҳҳои тиббӣ дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ ва гулҳои гуногунранг шинонанд. Роҳбарони гуруҳҳои корӣ ва раисони ҷамоатҳои деҳот вазифадор гардиданд, ки тибқи нақшаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб, нафароне, ки дар нақша барои сохтмони иншоотҳо ҷой гирифтаанд дар якҷоягӣ бо онҳо корбарӣ намоянд. Баҳри то ҷашни  30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба кулли тағйир додани симои шаҳру деҳоти Кӯлоб, бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум   тамоми чораҳои зарурӣ бояд амалӣ карда шаванд, қайд намуд муҳтарам Раҳмонзода А. А.


Back to the list