KGU

Дар Тоҷикистон шакли нави хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҷорӣ гардид!

Дар Тоҷикистон шакли нави хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҷорӣ гардид! 27.02.2019

Дар Тоҷикистон шакли нави хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҷорӣ гардид!

ДУШАНБЕ, 27.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳӣ бо мақсади истифодаи таҷрибаи пешқадами барномаҳои сайёҳие, ки ба муштариён маҷмўи хизматрасониҳоро таъмин менамояд, дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии ҶДММ «Бунёд-Тур» Сертификат-армуғони сайёҳиро роҳандозӣ намуд. Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳи ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Сертификат-армуғони сайёҳӣ ин василаи муосири қадрдонӣ ва ё ҳавасмангардонӣ буда, барои рушди муносибатҳо дар ҳаёту фаъолияти касбӣ ва шахсӣ яке аз беҳтарин туҳфаҳо арзёбӣ мегардад. «Сертификати мазкур бо арзиши нишондодашуда ба дорандаи худ ҳуқуқ медиҳад, ки аз дафтари кории ширкати сайёҳии «Бунёд-Тур» ё намояндагиҳои он дар маҳалҳо роҳхати сайёҳӣ дастрас намояд. Инчунин, дорандаи Сертификати мазкур ҳуқуқ дорад, ки баробар бо арзиши Сертификати мазкур ё ин ки баробар ба маблағи якчанд Сертификат роҳхати сайёҳӣ (ройгон) ба самти дилхоҳ дастрас намояд; дар сурати интихоби хатсайри гаронарзиш (нисбат ба арзиши Сертификат), фарқияти арзиши муқарраршударо пардохт намуда, роҳхати дилхоҳашро ба даст орад; самт/ҷой, вақт, тарз ва муҳлати саёҳатро интихоб намояд; сертификати бадастовардаро ба ҳар шахси дилхоҳ, ки қобилияти истифодабарӣ дорад, тақдим кунад», — илова намуд манбаъ. Шартҳои дигари дастрас намудан ва истифодаи Сертификат дар он дарҷ карда шудааст. Сертификат-армуғони сайёҳӣ ҳамчун василаи қадрдонӣ/ҳавасмангардонӣ ба гурӯҳҳои зерин хос мебошад:

1.     Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё ташкилотҳои варзишӣ — ҳамчун туҳфа ба ғолибони чорабиниҳои варзишӣ ва дигар озмуну ҷашнҳо;

2.     Аъзои оила — туҳфа ба шахсони наздик дар мавриди ҷашнвораҳо: зодрӯз, тӯй, идҳои баҳорӣ ва ғайра;

3.     Маъмурияти ташкилоту муассисаҳо — ҳавасмандгардонии кормандон зимни муваффақиятҳо, ба синни нафақа расидан, мукофотпулӣ барои рухсатӣ ва ғайра;

4.     Бахши хусусӣ — ҷиҳати ҷалби муштариён бо роҳи ҳавасмандгардонӣ, туҳфа зимни ташкили озмунҳо, тахфифҳо, бозиҳои зеҳнӣ ва ғайра.

Ширкати сайёҳии «Бунёд-Тур» Сертификат-армуғонҳои худро аз рӯи 7 номинал ба амал мебарорад:

Сертификат бо арзишҳои 300, 500, 1000, 3000, 5000 ва 10000 сомонӣ.

Сертификати махсус — муштариён ва ё ташкилоту муассисаҳо вобаста ба имкониятҳои худ ва бо арзиши муносиб/дилхоҳ метавонанд Сертификат-армуғони махсус фармоиш диҳанд. Сертификати мазкур, ҳамчунин метавонад суроғавӣ бошад, аз ҷумла «Сертификат оид ба саёҳат ба шаҳри Душанбе», «Сертификат оид ба саёҳат ба шаҳри Хуҷанд» ва ғайра.

 


Back to the list