KGU

ТОҶИКИСТОН ЧУН КИШВАРИ САЙЁҲӢ

ТОҶИКИСТОН ЧУН КИШВАРИ САЙЁҲӢ 26.02.2019

ТОҶИКИСТОН ЧУН КИШВАРИ САЙЁҲӢ

ТОҶИКИСТОН ЧУН КИШВАРИ САЙЁҲӢ ДАР ОИНАИ АГЕНТИҲОИ ДАВЛАТИИ ИТТИЛООТИИ ИДМ. ТАСС, «УзА» ва «Кабар» Тоҷикистонро кишвари дорои иқтидорҳои бузурги сайёҳӣ арзёбӣ намуданд.

ДУШАНБЕ, 26.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон сол то сол раванди устувор касб карда, нуфузи кишвар дар ин самт дар арзёбиҳои минтақавию байналмилалӣ зина ба зина боло меравад. Инъикос ва тарғиби дастовардҳои сайёҳӣ, маконҳои ҷолиби таърихию фарҳангӣ, манзараҳои зебову нотакрор ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон дар расонаҳои минтақавию байналмилалӣ далели рушд ва густариши соҳаи сайёҳӣ дар баробари дигар соҳаҳо дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Расонаҳои хориҷӣ, аз ҷумла, расонаҳои маъруфи давлатии Федератсияи Россия-ТАСС, Ӯзбекистон-«УзА», Қирғизистон-«Кабар» доир ба рушди соҳаи сайҳӣ дар Тоҷикистон, табиати нодиру нотакрор, обҳои мусаффо, манзараҳои зебо, маконҳои таърихию фарҳангӣ мавод нашр намуда, Тоҷикистонро кишвари дорои иқтидорҳои бузурги сайёҳӣ дар оинаи бозори байналмилалии сайёҳӣ арзёбӣ намудаанд. Агентии иттилоотии ТАСС-и Федератсияи Россия дар матлабе чунин менигорад: «Яке аз самтҳои маъруфи сайёҳӣ дар Тоҷикистон- ин кӯҳнавардӣ аст. Кӯҳнавардон барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ, ки баландии он 7495 метр буда, дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баландтарин аст, ба Тоҷикистон меоянд. Дар самти сайёҳии экологӣ — кӯҳҳои Фон, Искандаркӯл дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр, пиряхи Федченко, дар самти сайёҳии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ – мавзеи Саразм, ки ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид шудааст, Қалъаи Ҳисор, дар маҷмӯъ 3000 ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ барои сайёҳон ҷолиби диққат мебошанд. Хабаргузории мазкур оид ба имтиёзҳои андозию гумрукии аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодшуда ёдовар шуда, иттилоъ медиҳад, ки соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Дар ин сол зиёда аз 150 ҳазор сайёҳони Федератсияи Россия аз Тоҷикистон дидан намуданд. Агентии иттилоотии давлатии «Кабар»-и Ҷумҳурии Қирғизистон дар мақолае зери унвони «Тоҷикистон дар оинаи бозори байналмилалии сайёҳӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро дар минтақа бузург арзёбӣ намуда, менависад: «Тоҷикистон кишвари кӯҳҳои сар ба фалак, пиряхҳои азим, дарёҳои шӯх, кӯлҳои бениҳоят зебо ва ҳайвоноту набототи нотакрор аст. Тоҷикистон дорои иқтидорҳои бузурги сайёҳӣ аст. Дар Тоҷикистон кӯҳҳои бузурги Помир бо баландии аз 2800 то 7495 м аз сатҳи баҳр ҷойгиранд, ки дар дунё чун «Боми ҷаҳон» маъруфанд. Шумораи сайёҳон ба ин кишвар пайваста меафзояд. Соли 2018 шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон омаданд, 2,6 маротиба афзуд. Агар соли 2017-ум 430 ҳазору 922 сайёҳ аз Тоҷикистон дидан намуда бошанд, пас соли 2018 1 миллиону 155 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон омаданд. Агентии иттилоотии давлатии «УзА»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон матлаберо бо номи «Тоҷикистон-кишвари дорои иқтидорҳои бузурги сайёҳӣ» ба нашр расонид. Хабарнигории мазкур, аз ҷумла менависад: «Дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 200 манбаъҳои обҳои шифобахши минералӣ ва гарм, ки дар заминаи онҳо самти сайёҳии осоишгоҳҳои табобатӣ рушд мекунад, мавҷуд аст. Маъруфтарин осоишгоҳҳои табобатӣ «Хоҷа Оби Гарм», «Шоҳамбарӣ», «Оби гарм», «Зумрад», «Ҳавотоғ» мебошанд. Дар ин осоишгоҳҳо бемориҳои системаи дил, органҳои роҳи нафас, роҳҳои пешоб, органҳои ҳозима, ҷигар, бемориҳои пӯст ва ғайраҳо табобат карда мешаванд. Дар Тоҷикистон сайёҳӣ бо суръат рушд мекунад. Соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон буд. Ҳукумати кишвар Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030-ро қабул намуд. Сол то сол сатҳи хизматрасонӣ дар фурудгоҳҳо, нуқтаҳои гузаргоҳи сарҳадӣ, хизматрасонӣ ба сайёҳон хубтар шуда, тартиби гирифтани раводид ва бақайдгирӣ содатар гардонида шудааст». Тавре масъулини Кумитаи рушди сайёҳӣ иброз доштанд, дар баробари ин се агентии иттилоотии давлатӣ, инчунин шабакаи телевизионии «KBS»-и Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ манзараҳои ҷолибро аз минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон ба навор гирифта, ба ҳаводорони сайру саёҳати Кореяи Ҷанубӣ намоиш дод. Дар барномаи ин шабака, аз ҷумла имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар мавзеъҳои ҷолиб муаррифӣ карда шуданд. Таҳиягарони барнома чунин иброз намуданд: «Муддати 2 рўз аз минтақаҳои гуногуни сайёҳии Тоҷикистон, аз ҷумла ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияи Варзоб ва шаҳри Ҳисор дидан намудем. Дар вилояти Суғд аз бозори шарқии «Панҷшанбе» ва Осорхонаи ба номи Камоли Хуҷандӣ боздид кардем. Дар осорхона аз асосгузорони давлати тоҷикон дар асрҳои 8-9, Исмоили Сомонӣ то давраи муосир, инчунин таърихи Шоҳроҳи Абрешим шиносоӣ пайдо кардем. Воқеан ҳам мардуми тоҷик таърих ва тамаддуни бою ғанӣ доранд. Дар Бадахшон бо якчанд сайёҳони хориҷӣ мусоҳиба намудем, ки таассуроти бою рангини худро оид ба имкониятҳои бузурги сайёҳии Тоҷикистон иброз доштанд. Дар баробари ин, аз мавзеъҳои ҷолиб, хӯрокҳои хуштамъ, фаввораву гулгаштҳои шаҳри Душанбе таассуроти баланд бардоштем». Шабакаи телевизионии «НТВ»-и Федератсияи Россия як нашри барномаи телевизионии маъруфи худ «Поедем, Поедим»-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навор гирифта, тавассути шабакаи НТВ ва шабакаҳои иҷтимоӣ пахш намуд, ки онро қариб 4 миллион нафар тамошо карданд. Барномаи мазкур оид ба таомҳои миллии болаззати миллӣ, аз қабили оши палав, қурутоб, шакароб, нони гарми тоҷикӣ, меваҳои шаҳдбор, ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла кандакорӣ дар чӯб, коркарди санг ва дигар анъанаҳои миллӣ ба таври васеъ маълумот пешниҳод менамояд. Дар маҷмӯъ, имрӯзҳо таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои мухталифи олам ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон батадриҷ афзоиш ёфта, инъикоси он ба таври васеъ роҳандозӣ шуда истодааст. Ин барои муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби бештари сайёҳон мусоидат менамояд. Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар натиҷаи сиёсати «дарҳои кушод»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон захираҳои сайёҳии Тоҷикистон — ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, кӯҳҳои сар ба фалак, обҳои минералӣ ва шифобахш, ҳайвоноту набототи нодир, пиряхҳои азим, кӯлу чашмаҳо ва дарёҳо, меваҳои шаҳдбор ва хӯрокҳои лазиз, боғу гулгаштҳо дар воситаҳои ахбори оммаи давлатҳои хориҷӣ тарғиб шуда истодаанд. Тоҷикистон ҳамчун кишвари амну осоишта ва дорои имкониятҳои васеи сайёҳӣ мавқеи устувор касб менамояд.

 

 


Back to the list