KGU

«Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва нигоҳдошти амну суботи ҷомеа»-бардошт аз конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ

«Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва нигоҳдошти амну суботи ҷомеа»-бардошт аз конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ 22.02.2019

«Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва нигоҳдошти амну суботи ҷомеа»-бардошт аз конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ

ДУШАНБЕ, 22.02.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар «Кохи Афсарон» таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифз ва нигоҳдошти амну суботи ҷомеа» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ- назариявӣ баргузор гардид. Дар он намояндагони Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати  адлияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ  намуданд. Дар конфронс Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода  иброз дошт, ки бунёди ҷомеаи пешрафта ва давлати аз лиҳози сиёсиву иқтисодӣ устувор мароми ҳар як кишвар буда, он дар сурати ҳукмфармо будани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа метавонад имкониятҳои зиёд ба даст орад. «Дар кишвари мо зимни амалӣ намудани ин мақсадҳои наҷиб  ва корҳои муҳиму шоиста нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдкори давлати навини тоҷикон ва ҳидоятгари ҷавонони дорои неруи зеҳниву ҷисмонӣ бениҳоят арзишманд мебошад. Маҳз бо ташаббуси Пешвои  хирадманд Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохт»,- гуфт Аҳтам Абдуллозода. Муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Исматулло Одиназода зикр намуд, ки оғози истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  алалхусус нимаи дуюми соли 1992 давраи хеле душвор буд. Хушбахтона, Сарвари давлати тоҷикон  ҳамчун наҷотдиҳандаи миллат ва давлат ба майдони сиёсат ворид шуда, тавонистанд бо заҳматҳои шабонарӯзӣ  ба нооромиҳои кишвар хотима бахшанд. «Пас аз баргузории Иҷлосияи  таърихии XVI Шӯрои Олии  мамлакат дар шаҳри бостонии Хуҷанд  моҳи декабри соли 1992 яке аз нахустин иқдомҳои Сарвари давлат фармон дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ буд. 23 феврали соли 1993 нахустин намоиши ҳарбӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт аз бунёди воқеии Артиши миллӣ дарак дод. Ҳамин тавр, Қувваҳои Мусаллаҳи мо баробари ба истиқлолият расидани мамлакат таъсис ёфта, яке аз унсурҳои муҳимтарини давлати тоҷикон ба шумор мераванд»,- иброз дошт муовини Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 


Back to the list