KGU

«Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо»-таҳти ин унвон дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон озмун баргузор гардид

 «Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо»-таҳти ин унвон дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон озмун баргузор гардид 21.02.2019

«Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо»-таҳти ин унвон дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон озмун баргузор гардид

                ДУШАНБЕ, 20.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» озмуни китобдорони китобхонаҳои вилоятӣ ва китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Кӯлоб таҳти унвони «Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо» баргузор гардид. Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар  озмун директори китобхона Саймуҳаммад Обидов иброз намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки қобилияти зеҳнии насли имрӯзаро ба донишандӯзӣ, махсусан ба омӯзиши забонҳои русӣ, англисӣ, интихоби касбу ҳунар ва омӯзиши технологияи муосир равона созем. Вобаста ба ин кормандони китобхона тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои мазкур озмуни китобдорони китобхонаҳои вилоятӣ ва китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Кӯлобро баргузор намоянд. «Мо, китобдоронро мебояд ҳарчи бештар адабиёти дорои мафҳуми иттилоотиро аз бар намуда, савияи дониши хешро нисбат ба омӯзиши технологияи коммуникатсионӣ пурзӯр намоем ва баҳри равнақи ҷомеаи иттилоотӣ мусоидат намоем»,-иброз дошт директори китобхона. Мақсади баргузории озмун аз он иборат буд, ки савияи дониши китобдоронро баланд бардошта, дараҷаи аз бар намудани илму технологияи муосир ва қобилияти касбии онҳоро баланд бардоранд. Ба иштирокчиёни озмун дар ибтидо аз ҷониби ҳайати комиссия пешниҳод гардид, ки китобдорон бояд сомонаҳои расмии худро таъсис дода, дар ҳайати худ китобхонаҳои электронӣ ба роҳ монанд. Ҳайати комиссия баъди иҷрои шартҳои озмун ба хулоса омад, ки ҷойи якум ба китобдори китобхонаи марказии шаҳри Кӯлоб Фирӯза Абдуллоева дода шавад. Китобдори китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб Назокат Раҳмонова ва саркитобдори китобхона (филиали №8-и ҷамоати деҳоти Даҳана) Абдусаттор Одилов сазовори ҷойи дуюм ва китобдори китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳри Кӯлоб Зикамо Сафарова  мақоми сеюмро сазовор гардиданд. Инчунин иштирокчиёни фаъоли озмун бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

                  

 


Back to the list