KGU

Иштироки омӯзгорон дар Конференсияи вилоятии“Саҳми занон дар рушди илми муосир”

Иштироки омӯзгорон дар   Конференсияи вилоятии“Саҳми занон дар рушди илми муосир” 18.02.2019

Иштироки омӯзгорон дар Конференсияи вилоятии“Саҳми занон дар рушди илми муосир”

    Ҳамасола санаи 11 феврал “Рӯзи умумиҷаҳонии занону духтарон дар илм” тибқи қарори СММ дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад. Дар ин росто ,соли сеюм аст, ки бо ибтикори МИҲД вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят конференсияи вилоятии “ Саҳми занон дар рушди илми муосир” гузаронида мешавад. Конференсияи имсолаи “Саҳми занон дар рушди илми муосир” дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав баргузор гардида, қабл аз оғози кори конфронс дар баробари бақайдгирии иштирокчиён намоиши даствовардҳои илмӣ ва ҳунарҳои дастии омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур ба намоиш гузошта шуданд. Конфронс бо сухании ифтитоҳии муовини раиси вилояти Хатлон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хидирзода Махфират Умар оғоз гардида, дар идомаи он ректори донишгоҳ, профессор Шодиён М.С., Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи назди МИҲД вилояти Хатлон Раҳимзода Раъно суханронӣ намуданд. Ҳамчунин дар ҷаласаи ифтитоҳӣ маърӯзаи профессор Хидирзода М.У. дар мавзӯи “ ” шунида шуд. Сипас конференсия кори худро дар 5 бахш идома дод. Роҳбарии бахши педагогика ва методикаи таълимро доктори илмҳои филологӣ Иззатова М.И, таърих, сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносиро номзади илмҳои филологӣ Худойдодова Ш.З. ва котибии бахши филологияро номзади илмҳои филологӣ Асоева К. А. ба уҳда доштанд. Дар бахшҳо маърӯзаҳои ҳамаи иштирокчиён: Худойдодова Ш.З, Асоева К.А, Носирова О., Давлатова Р., Изатова Н. шунида шуданд. Бояд қайд намуд, ки ба кори конференсияи вилояти 18 нафар занону духтарони донишгоҳ мақолаҳо фиристода буданд. Худи ҳамон рӯз кори конференсия ҷамъбаст гардид. Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ ҳисоботи роҳбарони бахшҳо шунида шуданд. Мақолаҳои беҳтарин барои чоп ба маҷаллаи тақризшавандаи ДДБ ба номи Носири Хусрав ва дигар рӯзномаву маҷаллаҳо тавсия карда шуданд. Ҳамзамон мақолаҳои Худойдодова Ш.З., Асоева К. А. ва Носирова О. бо сипосномаи Раёсати кор бо занон ва оилаи МИҲД вилояти Хатлон қадршиносӣ гардиданд.


Back to the list