KGU

Рӯзи байналмилалии заргарон таҷлил гардид !

Рӯзи байналмилалии заргарон таҷлил гардид ! 31.01.2019

Рӯзи байналмилалии заргарон таҷлил гардид !

       

            Ёдовар мешавем, ки 31 январ дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии заргарон таҷлил мешавад. Барои таҷлили ин рӯз бори аввал соли 2002 дар фестивали «Золотое кольцо России» дар шаҳри Костромаи Федератсияи Россия тасмим гирифта шуд. Соли 2008 дар шаҳри Тошканд зимни баргузории фестивали заргарони ҷавон 31 январ ҳамчун Рӯзи байналмилалии заргарон тасдиқ шуд. Заргарони моҳири тоҷик дар тӯли таърих бо навъҳои маснуоти заргарӣ, аз ҷумла дастпона, қулфи гиребон, гӯшвора, холчӯб, чолбанд, зира, нуқрапӯшак, ки хеле моҳирона сохта мешуданд, машҳур гаштаанд. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба ин намуди ҳунармандӣ зиёд гардида, дар мамлакат чандин корхонаҳои заргарӣ бунёд карда шуданд. Дар назар аст, ки моҳи феврали соли равон дар ҷумҳурӣ Фестивали заргарӣ таҳти унвони «Ҳунар омӯз…» баргузор гардад.



Back to the list