KGU

Гӯшаи «Хотираи абадӣ» дар ҳудуди «Боғи Ғалаба»-и ш. Кӯлоб ташкил карда мешавад.

Гӯшаи «Хотираи абадӣ» дар ҳудуди «Боғи Ғалаба»-и ш. Кӯлоб ташкил карда мешавад. 30.01.2019

Гӯшаи «Хотираи абадӣ» дар ҳудуди «Боғи Ғалаба»-и ш. Кӯлоб ташкил карда мешавад.

   

         Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 75- солагии рӯзи Ғалаба  дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ,  ки  9- майи соли 2020 ҷашн гирифта мешавад бо қарори раиси шаҳри Кӯлоб дар ҳудуди «Боғи Ғалаба»-и шаҳри Кӯлоб, воқеъ дар маҳаллаи  Куҳдоман гӯшаи «Хотираи абадӣ» тибқи лоиҳаи тасдиқшуда ташкил карда мешавад. Дар гӯшаи мазкур нимпайкараҳои Сафар Амиршоев, Саидҷон Назаров, Саидқул Турдиев пайкараи В.И.Ленин ва дигар шахсиятҳои хизматкарда  барои халқу Ватан гузошта мешаванд. Ҳамзамон дар гӯшаи мазкур корҳои ободонӣ аз қабили гушнинонӣ, ниҳолшинонӣ, шинонидани майса ва ободонии роҳҳо рафта истодааст. Гӯшаи «Хотираи абадӣ»  мавзеъи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони меҳнат ва шахсиятҳои дар назди халқу Ватан хизмат карда мегардад.




Back to the list