KGU

ТАШРИФИ ДМИҶ-И КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲҶТ БА ДОНИШГОҲ

ТАШРИФИ ДМИҶ-И  КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲҶТ БА ДОНИШГОҲ 19.01.2019

ТАШРИФИ ДМИҶ-И КУМИТАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШИ НАЗДИ ҲҶТ БА ДОНИШГОҲ

     18 январи соли 2019  ба Донишгохи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллохи Рӯдакӣ, Директори маркази миллии имконоти ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдулозода Самандар ва сармутахасиси бахши кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб Азимов Сӯҳроб ташриф оварданд. Мақсад аз ташриф ба ин макони илму адаб ин ёдовори аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 декабр ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид мебошад. Матни Паёмро директори маркази миллии имконоти ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдулозода Самандар ва сармутахасиси бахши кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб Азимов Сӯҳроб чунин баён намуданд.

     Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 декабр ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, роҳнамо ва дастури муфид барои таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва заминаи воқеӣ барои шукуфоии диёр ва фароҳам кардани зиндагии шоистаи мардум мебошад.

     Тавре Пешвои миллат дар ибтидои Паём таъкид карданд, соли 2018 дар таърихи навини кишвар таҳаввулоти азим ба миён овард. Дақиқтар гӯем, сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва меҳнати софдилонаи мардуми шарафманди тоҷик буд, ки дар ин сол ба дастовардҳои беназир ноил гардидем. Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар мавриди «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баёни нуфузу эътибори оламгири Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Пешвои дурандеши он мебошад. Соли гузашта муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба таҳаввулоти тоза рӯ ба рӯ гардиданд, ки мардуми дӯсту бародари тоҷику ӯзбек солҳо ташнаи чунин рухдод буданд.

     Воқеаи аз ҳама таърихиву хотирмони соли 2018 фаъол гардидани нахустин чархаи НБО “Роғун” мебошад, ки орзуву ормони даҳсолаҳои миллати тоҷик ба шумор мерафт. Пешвои миллат бамаврид таъкид намуданд, ки ифтитоҳи нахустчархаи ин иншоти тақдирсози миллат “…ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад”. Ба гуфтаи Президенти мамлакат, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи якуми стратегии ҷумҳурӣ давоми даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд гардида, зиёда аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ба истифода дода шуданд. Чунин тадбирҳо имкон доданд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ таъмин шуда, ҳадафҳои дигари стратегӣ роҳандозӣ гарданд.

     Инҷо ба маврид аст аз татбиқи бомароми дигар аҳдофи стратегии мамлакат низ ёдовар шавем, ки яке аз онҳо баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Тавре дар Паём зикр шуд, фақат соли сипаришудаи 2018 сохтмону таҷдиди қариб 200 километр роҳи дохиливу байналмилалӣ ва 45 пул ба анҷом расонида шудааст.

     Дар ҷодаи таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки ҳадафи дигари олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, пешрафти соҳаи кишоварзӣ ба вуҷуд омада, аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Ҳамагон огоҳем, ки сатҳи зиндагии мардум имрӯз куллан беҳтар гардида, натиҷаи татбиқи босамари ҳадафи олӣ арзёбӣ мешавад. Дар ин давра зиёда аз 150 ҳазор ҷойи кори нав таъсис ёфтааст. Даромади пулии аҳолӣ дар муқоиса ба соли гузашта 11 % афзуда, сатҳи камбизоатӣ 29,5 % коҳиш ёфтааст. Ҳоло Пешвои миллат стратегияи чаҳоруми миллиро эълон намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Дар идомаи ҳамин ҳадаф Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” эълон карда шавад.

     Барои расидан ба ин ҳадафҳо фазои солим вуҷуд дорад, Ватанамон тинҷу осуда аст ва ин неъмат худ кафили расидан ба ҳадафҳои олӣ шуда метавонад. Танҳо ҳифзи он масъулияти бузургеро талаб мекунад. Анъана шудааст, ки ҳамасола дар Паём ба рушду пешрафти ин ё он соҳа афзалият дода мешавад. Соли 2017 дар мамлакат соли ҷавонон эълон гардида, ин қишри созандаи ҷомеа мавриди таваҷҷуҳу дастгириҳои давлату ҳукумат қарор гирифт. Аслан, дастгирии ҷавонон ҳамеша дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.


     Вале азбаски ҷавонон неруи бузург ҳастанд, дар ҳама давру замон аз ин неру душманони миллат истифода карда, онҳоро барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки хеш моил месозанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо ҷанги шаҳрвандӣ мебошад, ки бо фирефта намудани тоифае аз ҷавонон неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик ба сари миллат рӯзҳои вазнинро таҳмил карданд. Чунончӣ Пешвои миллат таъкид намуданд: “Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд”.
Сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки дар Паёми соли гузашта соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Татбиқи босамари ин ҳадаф дар он зоҳир мешавад, ки назар ба соли 2017 соли 2018 ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон дуюним баробар афзудааст. Ба ин восита, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ ва ҳунару ҳунармандӣ равнақ ёфтанд. Сарвари давлат ба хотири пурра амалӣ гардонидани ҳадафи мазкур солҳои 2019-2021–ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. Бешубҳа, дар доираи ин ҳадаф рушди сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ ва некӯаҳволии мардуми деҳот таъмин хоҳад гардид.



Back to the list